Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба низоми таҳсили 12-сола гузаштанист


Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев гуфт, эҳтимол дорад, мактабҳои миёнаи ин кишвар ба низоми таҳсили 12-сола гузаранд.

Ӯ пештар дар ин бора дар суҳбат бо намояндагони расонаҳо ва дар вохӯрӣ бо омузгорон изҳори назар карда буд, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.

Вазири қирғиз баъди вокунишҳои шадид ба суханҳояш дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, ки "акнун кудак бояд на аз 7-солагӣ, балки аз 6-солагӣ ба мактаб биравад. Кудак як солро беҳуда сипарӣ намекунад. Ҳамин тариқ мо ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ хоҳем буд".

Вазири маориф ва илми Қирғизистон қаблан дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки мехоҳанд дар низоми маорифи он кишвар ислоҳот гузаронанд. Вале ӯ ҷузъиёти ислоҳотро шарҳ надода буд.

XS
SM
MD
LG