Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии варзишгарони узбеку қирғиз дар ниммарафони байналмилалӣ дар Тошканд


Дар ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, ҳудуди 2300 варзишгар аз 31 давлат иштирок карданд, хабар медиҳаи сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ниммарафони СҲШ дар пойтахти Узбекистон дар ду масофа - 10 км ва 21 км 97,5 м сурат гирифт. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ Тоҷикистонро чаҳор варзишгар -Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода ва Раҷабмо Абдуллоева - намояндагӣ карданд.

Натиҷаи беҳтарро миёни варзишгарони тоҷик Раҷабмо Абдуллоева ва Зулҳиҷҷа Ғаффорзода нишон доданд. Абдуллоева бо натиҷаи 1:29:53 ҷои панҷум ва Ғаффорзода бо натиҷаи 1:31:00 ҷои шашумро соҳиб шуданд.

Азиза Мирзоакбарова (Узбекистон) бо натиҷаи 1:15:16 миёни занон ғолиб гардид. Ҷои дуюмро бо натиҷаи 1:16:45 намояндаи Қирғизистон Мария Коробитская гирифт. Ситора Қурбонова (Узбекистон) бо натиҷаи 1:24:38 сеюм шуд.

Дар сабқати мардҳо Нурсултон Кунешбеков (Қирғизистон) бо натиҷаи 1:04:28 ҷои аввалро азони худ кард. Шоҳрух Давлатов (Узбекистон) бо натиҷаи 1:04:40 ҷои дуюмро гирифт. Ержан Жанарстанов аз Қазоқистон бо натиҷаи 1:07:47 ҷои сеюмро ишғол намуд.

Ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 доир мегардад. Соли гузашта шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.

XS
SM
MD
LG