Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимҳои миллии футболи Эрону Амрико дар як гуруҳ "афтоданд"


Драга Скочич, мураббии хорват, тими миллии Эронро барои мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол омода мекунад.
Драга Скочич, мураббии хорват, тими миллии Эронро барои мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол омода мекунад.

Драган Скочич, мураббии тими миллии Эрон ҷанбаҳои сиёсии гуруҳи тимашро беаҳамият номид, ки қарор аст, дар мусобиқоти гуруҳии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол бо Амрико бозӣ кунад. Ӯ гуфт, ки худаш ва дастаи Эрон фақат ба футбол тамаркуз хоҳанд кард.

Тими ду кишвар рӯзи 29-уми ноябр дар Қатар рақобат хоҳанд кард ва дар гуруҳе ҳастанд, ки Бритониё ва Украина ҳам дар он ҳастанд. Амрико соли 1979 баъди инқилоби исломӣ дар Эрон ва тасарруфи сафораташ дар Теҳрон, робитаҳои дипломатиро бо ин кишвар қатъ кард.

Ду кишвар бори аввал дар Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 1998 бо ҳам бозӣ карданд, ки бо ҳисоби 2-1 ба нафъи Эрон анҷом ёфт. Драган Скочич, ки мураббии хорват аст, тобишҳои сиёсӣ дар рақобатро эътироф кард, вале гуфт: “Ман сиёсӣ нестам ва ба футбол тамаркуз хоҳам кард.”

Ӯ дар идомаи суҳбаташ дар Теҳрон гуфтааст: “Тими ман ва ман фақат ба масоили варзишӣ тамаркуз мекунем ва бо беҳтарин роҳҳои мумкин ба бозиҳо омодагӣ мегирем.” Мураббии дастаи футболи Амрико Грег Берҳалтер гуфтааст:”Дар 24 соли гузашта баъд аз соли 1998 ва солҳои 70 мо ҳарду кишвар фавқуллода дигар шудаанд ва барои мо ин фақат як бозии футбол аст.

Қуръакашии мусобиқоти гурӯҳии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 рӯзи 1-уми апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуд. Кӣ бо кӣ бозӣ мекунад? Дар ин гузориш бубинед.

XS
SM
MD
LG