Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Зеленский гуфт, зарбаҳои Русия сахттар мешаванд


Зиреҳпӯшҳои ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Мариупол
Зиреҳпӯшҳои ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Мариупол

Созмони Салиби Сурх имрӯз дигарбора саъй мекунад, шаҳрвандони дармонда дар шаҳри бандарӣ ва вайроншудаи Мариуполи Украинаро аз онҷо берун орад.

Аз тарафи дигар раиси ҷумҳур Владимир Зеленский, гуфт, кишвараш ба ҳамлаҳои нави неруҳои Русия дар шарқи кишвар омодагӣ мегирад ва шиква кард, ки артиши Русия бо гузоштани минаҳо дар канораҳои шаҳри Киев, пойтахти Украина “фалокат” эҷод мекунад.

Шаҳри Мариупол дар соҳили Баҳри Азов дар натиҷаи ҷангҳои сахту мушакборони неруҳои Русия вайрону валангор шудааст. Бовар меравад, ҳазорон нафар дар онҷо ҷон додаанд ва даҳҳо ҳазор каси дигар аз шаҳр гурехтаанд. Айни замон даҳҳо ҳазор нафари дигар дар Мариупол бе об ва хӯроки кофӣ банд мондаанд.

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, рӯзи 1-уми апрел як гуруҳеро барои раҳбарии корвони иборат аз 54 автобуси мусофирбари украинӣ ва дигар мошинҳои хусусӣ фиристод, ки онҳоро ба Мариупол барад, вале онҳо аз нимароҳ баргашта гуфтанд, ки имкони вуруд ба шаҳр вуҷуд надошт. Кумитаи мазкур дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки гуруҳ “Рӯзи шанбе дигарбора саъй мекунад, роҳи амнеро барои ғайринизомиён боз намояд.”

Мариупол дар натиҷаи ҷанг ба вайрона табдил шудааст.
Мариупол дар натиҷаи ҷанг ба вайрона табдил шудааст.

Кирило Тимошенко, як дастёри Владимир Зеленский дар саҳифааш дар Телеграм навишт, ки ба тақрибан 3 ҳазор ғайринизомӣ муяссар шудааст, ки аз Мариупол берун шаванд ва 3000 каси дигарро аз шаҳрҳои дигари Украина берун кардаанд.

Дар ин миён, Владимир Зеленский гуфт, неруҳои Русия, ки ақибнишинӣ мекунанд, дар канораҳои шаҳри Киев дар атрофи хонаҳо ва ҳатто зери ҷасадҳо мина мегузоранд. Ӯ дар муроҷиати шабонаи видеоӣ ба мардуми Украина гуфт: “Онҳо дар ҳамаҷо мина мегузоранд. Дар хонаҳо мина мегузоранд ва ҳатто дар ҷасади онҳое, ки кушта шудаанд.”

Зеленский аз ҷангҳои душвори пеши рӯ бо неруҳои Русия суҳбат кард ва, ки неруҳои кишвараш ба муҳофизати сахттар омода мешаванд. Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин гуфт, ки интизор дорад, ҳамлаҳои Русия дар шарқи кишвар саххттару бераҳмонатар мешаванд.

Владимир Зеленский гуфт: “Неруҳои Русия дар Донбас ва дар самти Харков ҷамъ меоянд. Онҳо барои зарбаҳои наву қавитар омода мешаванд.” Ӯ дар бораи давраи нави музокирот бо Русия, ки аз тариқи муколамаи видеоӣ ва рӯзи 1-уми апрел сурат гирифт, чизе нагуфт.

Субҳи рӯзи 2-уми апрел мушакҳои Русия ба шаҳрҳои Полтава ва Кременчук дар Украина бархӯрданд. Дмитрий Лунин, раиси вилояти Полтава дар ин бора хабар дода ва гуфт, ки зербунёдҳо ва биноҳои иқоматӣ ҳадаф будаанд, вале дар бораи талафот чизе нагуфт.

Аз тарафи муқобил, мақомоти Русия Украинаро ба ҳамла ба як анбори маводи сӯхт дар шаҳри Белгород, начандон дур аз марзи Украина муттаҳам карданд. Ҳамла рӯзи 1-уми апрел сурат гирифт, вале мақомоти Украина ин ҳамларо мустақим шарҳ надодаанд.

Агар собит шавад, ки ҳамларо чархболҳои Украина анҷом додаанд, пас ин як ҳаракати далеронаи артиши ин кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз рӯзи 24-уми феврал аз чандин тараф мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҳамлае, ки Русия аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум то кунун шоҳид нашуда буд.

XS
SM
MD
LG