Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Путин дар посух ба изҳороти кишварҳои ғарбӣ


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин таҳдид кардааст, ки агар кишварҳои аврупоӣ пули газро бо рубл напардозанд, аз 1-уми апрели имсол содироти маводи сӯхтро ба ин кишварҳо мутаваққиф мекунанд.

Рӯзи 31-уми март, дар ҳоле ки сарфи назар аз ваъда, Русия ба бомбаборони Киев идома медод, кишварҳои ғарбӣ иброз доштанд, ки шарти Маскавро намепазиранд.

Дар ин байн президенти Амрико Ҷо Байден иҷозат дод, ки бо ҳадафи поин бурдани нархи сӯзишворӣ захираи нафт истифода шавад.

Баъд аз эълони Байден, нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки бо оғози таҷовуз Украина боло рафтааст, каме коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG