Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба ҷанги бештар ва Украина ба истодагии сахттар омода мешаванд


Инҷо шаҳри Мариупол аст, ки дар иҳотаи неруҳои Русия қарор дорад ва бисёре аз гӯшаҳои он вайрон шудааст.
Инҷо шаҳри Мариупол аст, ки дар иҳотаи неруҳои Русия қарор дорад ва бисёре аз гӯшаҳои он вайрон шудааст.

Русия мушакборону ҳамла аз тӯпхонаро дар шаҳри Чернигов дар шимоли Украина идома дод, агарчӣ пеш аз ин гуфта буд, ки ҳамлаву амалиётҳои низомиро кам мекунад. Неруҳои Украина гуфтанд, ки ба ваъдаҳои Русия бовар намекунанд ва барои ҷангҳои сахттар дар шарқи кишвар омода мешаванд.

Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский дар як муроҷиати видеоӣ дар шаби гузашта гуфт, неруҳои Русия дар ҷанубушарқи кишвар басиҷ мешаванд ва барои ҳамлаҳои нав омодагӣ мегиранд. Ирина Верешчук, муовини нахуствазири Украина гуфт, 45 автобус озими шаҳри бандарии Мариупол шудаанд, ки дар иҳотаи неруҳои Русия аст ва ҳазорон нафар дар онҷо банд мондаанд.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи 31-уми март гуфт, ки неруҳои Русия дар шарқ ва ғарби Киев боқӣ мондаанд ва “ғолибан дар рӯзҳои оянда дар канораҳои шаҳр ҷангҳои сахте сурат мегиранд.”

Дар дигар ҷой, Ҷереми Флеминг, раҳбари Хадамоти Иттилоотии Бритониё, яке аз ниҳодҳои ҷосусии ин кишвар иддао кард, ки сарбозони руҳафтодашудаи Русия дар Украина аз иҷрои фармонҳо сарпечӣ ва аслиҳаву муҳимоташонро вайрон мекунанд. Ба қавли ӯ, худи сарбозони Русия як ҳавопаймояшонро тасодуфан задаанд.

Ҷереми Флеминг дар ин бора дар як ҷаласае дар шаҳри Канберра, пойтахти Австралия сухан гуфт. Ӯ афзуд, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, дар робита ба таҷовуз ба Украина “бисёр қазовати нодуруст кардааст”. Ҷереми Флеминг гуфтааст: “Возеҳ аст, ки ӯ дар бораи муқовимати мардуми Украина қазовати нодуруст доштааст. Ӯ тавоноии эътилоф дар баробари амалкардҳояшро дасти кам гирифтааст. Ӯ дар бораи оқибатҳои таҳримоти иқтисодӣ ба зидди режим ва қудрати артиши худ барои пирӯзии босуръат тахмини нодуруст доштааст.”

Айни замон, Кейт Бедингфилд, яке аз сухангӯёни ҳукумати Амрико гуфт, мушовиронаш Владимир Путинро гумроҳ кардаанд. Ӯ рӯзи 30-уми март гуфт: “Ба эътиқоди мо, Путин аз мушовиронаш дар бораи амалкардҳои артиши Русия ва инки чӣ гуна иқтисоди Русия ба сабаби таҳримҳо фалаҷ шудааст, иттилооти нодуруст мегирад, зеро мушовирони аршадаш аз гуфтани ҳақиқат ба ӯ метарсанд.”

Дар як муроҷиати алоҳида ба вакилони мардумии Австралия ва Ҳолланд, Владимир Зеленский рӯзи 31-уми март гуфт, барои фишори бештар ба Русия, ки ҷанги бедалелро дар Украина оғоз кард, таҳримоти нав зарур аст. Ӯ аз вакилони Ҳолланд хост, “тамоми тиҷорат бо Русияро қатъ кунанд.”

Русия рӯзи 29-уми март дар музокироти дутарафа бо Украина дар Истанбул гуфт, ки амалиётҳои низомӣ дар наздикии шаҳрҳои Киевр ва Черниговро барои “афзоиши боварии байниҳамдигарӣ” коҳиш медиҳад. Қарор буд, музокироти видеоӣ рӯзи 31-уми март аз сар гирифта шавад.

Пештар аз ин Владимир Зеленский ва Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико кумакҳои нави низомӣ ба Украина, таҳримоти нав ба зидди Русия ва кумакҳои молӣ ва башариро зимни суҳбати яксоатаи телефонӣ баррасӣ кардаанд.

Як сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, ки то ҳол на ҳамаи аслиҳае, ки Байден ба Украина ваъда карда буд, ба дасти ин кишвар расидааст. Селесте Валландер, дастёри вазири дифои Амрико дар як нишасте дар ҳузури вакилони амрикоӣ гуфт, ки қарор аст, 100 ҳавопаймои пешрафта ва бесарнишини Свитчблейд ба Украина фиристода шавад.

Аз ҷабҳаи иқтисодии ҷанг ҳам хабарҳо зиёд аст ва аз ҷумла Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд аз хатари фалокатбори ҷанги Русия дар Украина ҳушдор дод.

Муассисаи молии мазкур, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 31-уми март гуфт, иқтисоди Русия имсол 10 дар сад ва аз Украина 20 дар сад коҳиш меёбад, чун ҷанги байни ду кишвар сабаби “бузургтарин шоки арзаи мол” дар 50 соли ахир шудааст.

XS
SM
MD
LG