Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Украина: Русия роҳро ба Мариупол бастааст


Мариупол
Мариупол

Як мушовири шаҳрдори Мариупол гуфт, Русия ба расондани кумакҳо ба ин шаҳри дар ҳоли муҳосира монеъ шуда, намегузорад, мардуми осоишта тавассути гузаргоҳҳои амн аз минтақаҳои даргирӣ берун раванд.

Петро Андрюшенко дар Фейсбук навишт, Мариупол 1-уми апрел ба рӯи корвони ёриҳои башардӯстона баста буд. Ин корвон кӯшиш доштааст, ба Мариупол маводи ниёзи аввал бибарад. Ҷое, ки дар онҷо даҳҳо ҳазор кас бе нерӯи барқ ва обу хӯрок мондаанд.

"Роҳ барои даромадан ба шаҳр бастааст ва барои баромадан хеле хатарнок," – гуфт Андрюшенко.

Вай афзуд, "нерӯҳои Русия аз 31-уми март ба таври қатъӣ ба ворид кардани ҳамагуна ёрии башардӯстона, ҳатто ба миқдори кам, иҷоза намедиҳанд. Сабаби чунин амалкарди онҳо рӯшан нест, вале боиси таассуф аст."

Мақомоти Украина рӯзи 31-уми март гуфтанд, корвони иборат аз 45 автобус ба тарафи Мариупол равона шудааст. Мақомоти низомии Русия гуфта буданд, омодаанд, ки оташбасро риоя карда, ба ифтитоҳи як гузаргоҳи амн иҷоза диҳанд.

XS
SM
MD
LG