Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, кишварҳо ба Афғонистон ёрӣ мекунанд, вале кам. ВИДЕО


Эътирозгарон дар Кобул аз Амрико хостанд, пулҳои бандмондаи Афғонистонро "озод" кунад
Эътирозгарон дар Кобул аз Амрико хостанд, пулҳои бандмондаи Афғонистонро "озод" кунад

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, кишварҳои ёрирасон ваъда додаанд, ки ба Афғонистон 2 миллиарду 44 миллион доллар кумак мекунанд. Ин маблағ камтар аз пуле аст, ки созмон хоста буд.

Нишасти ҷалби кумаки молӣ ба Афғонистон 31-уми март ба мизбонии Созмони Милал, Олмон, Бритониё ва Қатар ба таври маҷозӣ баргузор шуд.

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милал, дар оғози нишаст гуфт, вазъияти башарӣ дар Афғонистон тайи моҳҳои гузашта ба таври нигаронкунанда бадтар шудааст. Ӯ афзуд, тақрибан 95 дарсади мардум дар Афғонистон хӯроки кофӣ надоранд ва 9 миллион нафар бо хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

“Дархости кумаки молии мо барои Афғонистон дар соли ҷорӣ 4.4 миллиард доллар аст, ки бузургтарин дархост дар ҷаҳон барои як кишвар мебошад. Мо ҳамроҳи шарикони худ қасд дорем, барои 22 миллион нафар хӯрок, об, муроқибатҳои беҳдоштӣ, сарпаноҳ, омӯзишу кумакҳои дигари ҳаётиро фароҳам созем,” – афзуд ӯ.

Дабири кулли СММ ҳамчунон гуфт, шуморе аз мардум дар Афғонистон аз ночорӣ фарзандону аъзои бадани худро мефурӯшанд.

Кишварҳои кумакрасон барои Афғонистон 2,44 миллиард доллар ҷамъ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Антонио Гуттереш айни замон хоҳони бозкушоии мактабҳои духтарона дар Афғонистон шуд. Толибон ваъда дода буданд, ки 23-юми марти имсол дари мактабҳоро ба рӯи духтарони болотар аз синфи шашум мекушоянд, вале зуд аз раъйи худ гаштанд. Ин гуруҳи тундрав моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

XS
SM
MD
LG