Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзан Қодиров дар як сол 14 бор ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафтааст


Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон.
Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон.

Раиси ҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров дар давоми як соли ахир 14 бор ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар ва дар як виллаи шахсӣ истироҳат кардааст.

Дар ин бора расонаи "Украинская правда" бо истинод ба атрофиёни Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои хадамоте хабар додааст, ки парвозҳоро пайгирӣ мекунад.

Расона мегӯяд, виллае, ки раисҷумҳури Чеченистон дар он истироҳат мекунад, дар ҷазираи сунъии "Палм-Ҷумайра" қарор дошта, якрӯза иҷораи он наздики 3 ҳазор доллари амрикоӣ аст.

Пештар тими мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний гуфта буд, ки раҳбари пешини ба истилоҳ, "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ва вакили кунунии Думаи давлатии Русия Александр Бородай дар ҷазираи мазкур хона харидааст. Он ҳудуди 450 ҳазор евро арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG