Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабукӣ ба сокинони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Узбекистон


Гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбекистон
Гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбекистон

Муҳлати будубоши бесабтиноми тоҷикистониҳоро дар Узбекистон то 10 рӯз дароз карданд. Пештар ин муҳлат то 3 рӯзи кориро дар бар мегирифт. Тоҷикистон айни сабукиро ба шаҳрвандони Узбекистон додааст. Тарҳи нав рӯзи 30-юми март қабул шуд.

Сайнахш Раҳмонзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар порлумон, гуфт, "акнун сокинони кишвар то 10 рӯзи корӣ аз сабтином дар мақомоти кишвари ҳамсоя озоданд."

Вай афзуд, солҳои охир шумори талабгорони сафар ба Узбекистон афзудааст ва "ба сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ баъзан ба мушкилӣ дучор мешаванд. Бино бар ин, дароз намудани муҳлати сабтином муҳим аст."

Тоҷикистону Узбекистон дар аввали моҳи марти имсол, баъди бештар аз ду соли "танаффус", гузаргоҳҳои марзиро кушоданд.

XS
SM
MD
LG