Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон дар бораи "денатсификатсия" ба Маскав чизе намегӯяд


Вазирони корҳои хориҷии Қазоқистону Русия, Мухтор Тлеубердӣ ва Сергей Лавров. Акс аз соли 2020
Вазирони корҳои хориҷии Қазоқистону Русия, Мухтор Тлеубердӣ ва Сергей Лавров. Акс аз соли 2020

Мухтор Тлеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, рӯзи 29-уми март гуфт, ба изҳори назари вакили Маҷлиси Маскав Сергей Савостянов вокуниш намекунанд.

Севостянов пештар даъват кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ "денатсификатсия" ё маҳви миллатгароӣ шаванд.

"Бояд ҳар кадом изҳорот дар алоҳидагӣ баррасӣ шавад, бубинем, кӣ ва дар кадом сатҳ ҳарф мезанад. Сиёсатмадорони мо, блогерҳо ва коршиносон ба вакили порлумони Маскав посух хоҳанд дод. Ман, ҳамчун вазир, ба Севастянов посух диҳам? Мумкин, ин иғво бошад," -- гуфт вазир.

Чанд рӯз пеш Севастянов дар наворе гуфт, ки кишварҳои соҳили Балтик, Лаҳистон, Молдова ва Қазоқистон ҳам "денатсификатсия ва демилитаризатсия" шаванд.

Ин истилоҳҳоро Маскав ба маҳзи шурӯи ҷангаш дар Украина рӯзи 24-уми феврал истифода бурд. Русия ҷангро "амалиёти махсуси низомӣ барои денатсификатсия ва демилитаризатсия"-и Украина унвон кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ хушунати низомии Русияро дар Украина маҳкум кард. Созмони Милал аз Русия талаб кард, ки ҷангро дар Украина бас карда, нерӯҳояшро бозпас хонад.

XS
SM
MD
LG