Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ба русиягиҳо пешниҳод доранд, суратҳисоби бонкӣ кушоянд


Ширкатҳои сайёҳии Русия ба сокинони ин кишвар пешниҳоди саёҳати махсус ба Узбекистон барои кушодани суратҳисоби бонкиро доранд.

Ширкати сайёҳии Vedi Group-и Русия барои сокинони он кишвар сафари серӯза ба Узбекистонро пешниҳод дорад. Дар ин муддат сайёҳони русиягӣ метавонанд, дар Узбекистон корти бонкии Visa ё Mastercard бигиранд, ки айни замон дар Русия ба далели таҳримҳои Ғарб дастнорас ҳастанд.

Дар ширкати Vedi Group гуфтанд, дар Узбекистон дастрас кардани кортҳои мазкур мушкиле надорад ва танҳо доштани шиносномаи русӣ кофист.

"Хароҷоти сайёҳат 23 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ба ин харҷ гирифтани корти бонкӣ ҳам шомил мешавад", - хабар доданд аз ширкати сайёҳӣ.

Низоми пардохтии Visa ва Mastercard шаби 6 март эълом карданд, ки фаъолиятиашонро дар Русия боз медоранд. Ин ширкатҳо гуфтанд, ба далели ҳамлаи Русия ба Украина чунин тасмим гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои дигар, амсоли Гурҷистон ба хориҷиҳо кушодани корти Visa ва Mastercard-ро дар он кишвар манъ карданд.

Русиягиҳо метавонанд, дар Узбекистон корти бонкӣ гирифта, ба ин тартиб таҳримҳои Ғарбҳо давр зада ва бо кортҳои мазкур дар хориҷ аз кишвари худ пардохт кунанд.

XS
SM
MD
LG