Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия шабакаи нави иҷтимоии "Rossgram" фаъол шуд


Русия шуморе аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук"-ро масдуд кард.
Русия шуморе аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук"-ро масдуд кард.

Шабакаи нави иҷтимоии русии "Rossgram" аз 28-уми март дар Русия фаъол шуд. Ба иттилои сомонаи расмии шабака, "Rossgram" аз рӯзи душанбе барои ҳамаи шарикон - расонаҳо ва сармоягузорон дастрас шуда, сипас блогерон ва корбарони оддӣ низ ба он дастрасӣ пайдо мекунанд.

Гуфта мешавад, дар шабакаи нав "ҳамаи имкониятҳо барои суҳбат, тиҷорат, роҳандозии блог, нашри хабар ё таъсиси лоиҳаи худӣ" пешбинӣ шудааст. Замимаи шабака дар асоси iOS ва Android кор мекунад.

"Rossgram"-ро Александр Зубов таъсис додааст. Зубов худро ҳамсабақи бунёдгузори паёмакрасони Телеграм Павел Дуров меномад. Дар бораи таъсиси ин шабака 14 март, баъди тасмими мақомоти рус барои бастани шабакаи иҷтимоии "Instagram" хабар дода шуд.

Додгоҳи Твер дар Маскав фаъолияти ширкати амрикоии Meta-ро "экстремистӣ" донист ва фаъолияташро дар ҳудуди Русия манъ кард. Шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram, ки ба "Меtа" тааллуқ доранд, низ мамнуъ шуданд, вале WhatsApp на.

XS
SM
MD
LG