Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни Алмато ва Тошканд қатораҳо ба ҳаракат медароянд


Яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон.
Яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон.

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон эълом кардааст, ки аз 2-юми майи имсол дар масири "Алмато-2 - Тошканд - Алмато-2" қатораҳо дубора ба ҳаракат медароянд.

Қатораҳои ширкати роҳи оҳани Қазоқистон дар ин масир ҳафтае се бор, душанбе, чоршанбе ва ҷумъа аз истгоҳи "Алмато-2" ба самти Тошканд ҳаракат хоҳанд кард. Қатора аз истгоҳи "Тошканд-Марказӣ" ба самти Қазоқистон рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе ҳаракат мекунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар масири "Нукус (Узбекистон) - Бейнеу (Қазоқистон) - Нукус" низ қатораҳо ба ҳаракат медароянд.

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон афзудааст, ки ҳаракати қатораҳо бо кишварҳои дигар низ ба тадриҷ роҳандозӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG