Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киро дар куҷо куштанд? Гузориш аз террори низомиёни собиқ дар Афғонистон


Силоҳбадастони Толибон дар Кобул
Силоҳбадастони Толибон дар Кобул

Толибон дар чанд моҳи ахир, бо вуҷуди эълони афв, даҳҳо сарбозу афсари ҳукумати пешини Афғонистонро куштаанд.

Шоми 22-уми марти соли равон Аҳмадзай Ҳабибӣ, собиқ афсари Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Афғонистон, кушта шуд.

Ҳабибӣ ва Ҳафизуллоҳро кӣ кушт?

Ҳодисаи дар деҳаи Каҷкини ноҳияи Шакардараи Кобул рух додааст.

Як манбаъ, ки ба далели амниятӣ нахост номаш дар ин гузориш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳабибӣ пас аз намози шом дар роҳ ба хонааш кушта шудааст."

Аксҳои Ҳабибиро ин нафар ба Радиои Озодӣ фиристод ва иддао кард, ки ҳамлагарон Толибон будаанд. Мақомоти ҳукумати Толибон ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин бора посух надоданд.

Ҳафизуллоҳ, сокини вилояти Каписо, яке аз қурбониёни дигар аст, ки ба гуфтаи бародараш, Толибон ӯро бераҳмона шиканҷа карда, баъдан куштаанд. Валиуллоҳ мегӯяд, бародараш афсари нерӯҳои вижа буд. "Ӯро муҳокимаи саҳроӣ карданд. Ба маркази ноҳия бурданд ва дасту пойҳояшро шикастанд ва ӯ аз ҳамин дард ҷон додааст.”-гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт.

Рӯзи 17-уми март Лутфулло, сокини ноҳияи Тагоби вилояти Каписо, собиқ сарбози артиши Афғонистон, кушта шуд.

Наздиконаш гуфтанд, ки Толибон вақте пеши роҳи мототсикли ӯро гирифтанд, ӯ меистад, вале онҳо тирборонаш кардаанд.

Чандин нафари дигар ҳам гуфтанд, пайвандонашон, ки дар гузашта низомӣ буданд, аз ҷониби Толибон кушта шуданд, вале онҳо аз тарс ин мавзуро расонаӣ намекунанд.

Толибон аз афв мегӯянд, вале қатлҳо идома доранд

Якуним моҳ пеш бахши афғонистонии Радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани ҳафт афсару сарбози собиқ гузориш дода буд. Хонаводаҳои сарбозону афсарони кушташуда иддао карданд, ки дар ин куштор Толибон даст доранд.

Аммо он замон Толибон ин иттиҳомро рад карда, гуфтанд, ки афви умумӣ эълон кардаанд ва касеро боздошт намекунанд.

Ахиран гузоришҳо нашр шуд, ки Толибон дар Ҳилманд аз афроди гумонбар дар қатли теъдоде аз фармондеҳони Толибон дар гузашта қасос мегиранд.

Чизе, ки Созмони Дидбони ҳуқуқи башарро низ нигарон кардааст.

Патрисия Гусман, раиси бахши осиёии ин ниҳод, ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Толибон гуфтаанд, ки онҳо дар Ҳилманд интиқом нагирифтаанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, далелҳо нишон медиҳад, ки Толибон ба қатли низомиёни пешин давом медиҳанд. Ӯ гуфт, ки Толибон бояд аз куштори низомиёни пешин даст кашанд.

"Соли торик" барои Афғонистон

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ, рӯзи 24-уми март низ Толибонро ба он муттаҳам кард, ки сарбозони собиқи давлатиро то ҳол боздошт ва баъд аз шиканҷаи онҳо, сарфи назар аз афви умумӣ, қатл мекунанд. Ӯ ин амали Толибонро маҳкум кард. Аҳмад Масъуд “таъқиби сарбозони урду, пулису амният ва нопадид шудану куштанашон, беиззат кардани мардум, дахолат кардан ба ҳарими хусусӣ”-ро дар соли гузашта “соли торик” барои мардуми Афғонистон донистааст.

Сухангӯёни Толибон ин мавзуро ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд.

Бар иловаи куштори ҳадафмандона, шӯришиёни Толибон ахиран дар вилоятҳои Кунар, Кобул ва Қандаҳор сӯи мошинҳои ғайринизомӣ оташ кушодаанд.

Дар яке аз чунин мавридҳо, дар ноҳияи Чаҳорсои вилояти Қандаҳор як зан аз сӯи Толибон кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд.

Ҷонон, як узви хонаводаи ҷабрдида ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро Толибон куштанд. Ин нафар ба нақли наздиконаш, вақте бо мошин ҳаракат дошт, як узви Толибон ба сӯяш тир холӣ кардааст.

Толибон рӯзи 23-юми март Фазл Аҳмад, як пизишк дар Кобулро ҳадафи тир қарор доданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 3-уми март як Толиби мусаллаҳ мошини маросими арӯсиро дар вилояти Кунар тирборон кард, ки дар он Қорӣ Ёсин, бародари домод, кушта шуд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар гузорише дар соли гузашта гуфта буд, ки баъди ба қудрат расидани Толибон дар чаҳор вилояти Афғонистон беш аз 100 низомии собиқ бидуни муҳокимаи додгоҳӣ кушта шудаанд.

Ин гузориш иддао кардааст, ки аз 15-уми август то 31-уми октябр тақрибан 47 низомии собиқ ба Толибон таслим шудаанд, вале бархеро захмӣ карданд ва бархеро куштанд.

Ин созмон гуфтааст, далелҳои мӯътамад аз кушта шудани низомиёни собиқ бо дасти Толибонро дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд, Қандаҳор ва Қундуз дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG