Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти занону духтарон дар Кобул ба зидди тасмими Толибон


Эътирози занону духтарон дар Кобул
Эътирози занону духтарон дар Кобул

Шуморе аз сокинони шаҳри Кобул рӯзи 26-уми март ба кӯчаҳо баромада, аз Толибон тақозо карданд, ки дари мактабҳоро ба рӯйи духтарон бикушоянд.

Яке аз занони эътирозгар рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба хотири боз шудани дубораи мактабҳо ба хиёбонҳо баромадем. Хости мо ин аст, ки дарвозаҳои макотибро боз кунанд. Агар Толибон хостаҳои моро напазиранд, ба роҳпаймоиҳои худ идома хоҳем дод."

Толибон ваъда дода буданд, ки рӯзи 23-юми марти имсол дари мактабҳоро ба рӯйи духтарони болотар аз синфи шашум боз мекунанд, вале зуд аз раъйи худ гаштанд. Ин рафтори Толибон вокунишу танқидҳоро дар ҷаҳон ба бор овард.

Амрико дар иқдоми тоза музокирот бо мақомҳои Толибонро дар Доҳа (Давҳа) бекор кард.

Даҳ узви Шӯрои Амнияти СММ дар эъломияе бо мамнӯияти омӯзиши духтарони болотар аз синфи шашум аз сӯи Толибон мухолифати сахт нишон дода, гуфтаанд, духтарон дар Афғонистон бояд ба мактаб бираванд.

Вазирони корҳои хориҷии зан дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон эъломияи муштаракеро дар мавриди мамониати Толибон барои омӯзиши духтарон дар Афғонистон нашр кардаанд.

XS
SM
MD
LG