Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ё ҷои кор, ё интиқол ба кишвари сеюм. Мушкили асосии паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Филиппо Грандӣ, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, ҳангоми суҳбат бо муҳоҷирони афғон. Шаҳри Ваҳдат, 19-уми марти 2022
Филиппо Грандӣ, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, ҳангоми суҳбат бо муҳоҷирони афғон. Шаҳри Ваҳдат, 19-уми марти 2022

Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон бо гуруҳе аз паноҷҳӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон вохӯрд. Гурезаҳо ба Филиппо Грандӣ аз ояндаи норӯшани худ шикоят карданд, чун ба гуфтаи онҳо дар Тоҷикистон ҷойи кори муносиб надоранд, ба кишвари севум рафта наметавонанд ва бозгашт ба Афғонистон номумкин аст. Комиссари СММ ба паноҳҷӯён ваъдаи мушаххас надод, вале гуфт, барои беҳтар кардани шароиташон талош мекунад.

"Онҳое, ки моро ба қатл таҳдид мекарданд, ҳоло ҳокиманд"

Филиппо Грандӣ, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, рӯзи 17-уми март вориди Душанбе шуд ва ду рӯз инҷо буд. Грандӣ гуфт, дар оғози сафараш бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масъалаи беҳтар кардани шароити зиндагии паноҳандагони афғонро баррасӣ карданд.

Комиссари олии Созмони Милал бо гуруҳе аз паноҳандагон дар шаҳри Ваҳдат ҳам вохӯрӣ дошт. Дар дидори яксоата, паноҳандагони афғон аз сарнавишти норӯшани худ ба Филиппо Грандӣ шикоят карданд.

Мақомот мегӯянд, то ин дам қариб 14 ҳазор нафар дар Тоҷикистон паноҳанда шудаанд
Мақомот мегӯянд, то ин дам қариб 14 ҳазор нафар дар Тоҷикистон паноҳанда шудаанд

Мумтоз Нишод, яке аз гурезаҳои афғон, дар суҳбат бо комиссари олии СММ камбуди ҷойи кор ва ҳамин тавр вазъи бади иҷтимоиро мушкили якуми паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон номид. Ӯ гуфт, ниҳодҳои Созмони Милал барои интиқоли онҳо аз Тоҷикистон ба кишвари сеюм аслан таваҷҷуҳе надоранд. "Ҳоло танҳо паноҳандагоне метавонанд, ба кишвари сеюм, аз ҷумла Канада раванд, ки дар онҷо хешу табор дошта бошанд,” – афзуд ӯ.

Ин паноҳандаи афғон аз он шикоят кард, ки кишварҳои аврупоӣ дарашонро ба рӯи гурезаҳои афғон бастаанд. Аз сӯи дигар, Мумтоз Нишод гуфт, аз тарси Толибон имкони бозгашт ба кишварашонро ҳам надоранд.

“Онҳое, ки моро таҳдид ба қатл мекарданд, ҳоло ҳокимони Афғонистон ҳастанд, чӣ гуна ба онҷо баргардем. Дар ҳолати бесарнавиштӣ ба сар мебарем, намедонем куҷо равем? Агар моро ба кишвари сеюм интиқол надиҳед, аҳволи мо вазнин хоҳад шуд,” -- гуфт ин паноҳҷӯи афғонистонӣ.

Гурезаҳои афғон дар дидор бо комиссари олии СММ ҳамчунин аз вазъи бади занони танҳои афғон дар Тоҷикистон шикоят карданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Комиссари олии СММ дар шаҳри Ваҳдат бо паноҳандагони афғон вохӯрд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

"Бозгашт ба Афғонистон варианти хуб аст, аммо имкон надорад"

Филиппо Грандӣ дар посух ба шикоятҳои зиёди паноҳандагони афғон гуфт, талош мекунад, шароити онҳо дар Тоҷикистон аз ҷумла дастрасиашон ба мактаб ва муассисаҳои тандурустӣ беҳтар шавад.

Ин мақомдори баландпояи СММ дар масъалаи интиқоли паноҳҷӯёни афғон ба кишвари сеюм ягон ваъдаи мушаххас надод. Грандӣ танҳо гуфт, талош мекунанд бо мақомоти Канада дар масъалаи бештар кардани қабули гурезагони афғон суҳбат кунанд. “Вале мехоҳам бо шумо ошкоро бигӯям, ки агар мо тавонем ин миқдорро зиёд кунем, на он қадар зиёд хоҳад буд,” – илова кард ӯ.

“Албатта агар вазъи Афғонистон беҳтар мешуд ва шумо ба манзили худ дубора бармегаштед, ин яке аз интихобҳои беҳтарин аст. Чуноне мо мефаҳмем, воқеан, инро иҷро кардан аз имкон дур аст. Бо намояндагони сохторҳои марбут кӯшиш мекунем, ки вазъияти Шумо дар Тоҷикистон беҳтар бошад,” -- ваъда дод комиссари олии СММ.

Филиппо Грандӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ҳам гуфт, барои пайдо кардани ҷойи кор барои паноҳандагон талош мекунанд, аммо “шароит дар Тоҷикистон ҳам осон нест.”

Абдумусаввир Баҳодурӣ
Абдумусаввир Баҳодурӣ

“Агар ба умеди интиқол омадед, хато кардед”

Тоҷикистон мизбони қариб 14 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ аст. Онҳо асосан дар шаҳри Ваҳдат, дар канори шаҳри Душанбе, зиндагӣ мекунанд.

Абдумусаввир Баҳодурӣ, раиси Ориёно, ҷомеаи муҳоҷирони афғон, мегӯяд, "комиссари СММ гуфт, ба умеди интиқол ба Тоҷикистон омадед, иштибоҳ кардед. Касоне, ки хешованд (спонсор) доранд, ҳар замон метавонанд, раванд, аммо шахсоне, ки аз ҷанг гурехта, ба Тоҷикистон омадед, бимонед, кадом мушкил надорад."

Умеди паноҳандагон аз дидор бо намояндаи олии Созмони Милал шояд чандон бароварда нашуд. Ҳоло онҳо чорае ҷуз мутобиқ шудан ба шароити Тоҷикистонро надоранд.

XS
SM
MD
LG