Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, Тоҷикистон "зӯран" 11 паноҳҷӯро ба Афғонистон фиристод. Мақомот ҳанӯз шарҳе надодаанд


Акси гурӯҳи занону кӯдакони паноҳҷӯи афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон аз соли 2014

СММ аз истирдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз хоки Тоҷикистон бонги изтироб зад.

Дар як изҳороти Дафтари паноҳандагони СММ (UNHCR), ки рӯзи 19 ноябр дар вебсайти ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, ки мақомот дар Тоҷикистон рӯзи 11 ноябр 11 нафар – мардон, занон ва кӯдаконро ба Афғонистн “зӯран баргардониданд”. Дар изҳороти СММ омадааст, ки ин нафарон фурсат наёфтанд, ки аризаҳои онҳо барои баррасии мақоми паноҳҷӯӣ супоранд.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд. Дар гузашта мақомоти ҳифзи қонун таъкид кардаанд, ки Душанбе барои расидагӣ ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ ёрии зарурии байналмилалӣ дарёфт намекунад, дар ҳоле, ки шумори ин афрод ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон эътироф намекунад.

Монеаҳои афзоянда барои паноҳҷӯён дар Тоҷикистон

Дар изҳороти мухтасари UNHCR рӯзи ҷумъа инчунин омадааст, ки дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ “монеаҳои афзоянда” барои шаҳрвандони Афғонистони ҷӯёи амният ва дастрасӣ ба ҷараёни паноҳҷӯӣ мушоҳида мешавад.

UNHCR мегӯяд, аз охири моҳи июли имсол мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон судури ҳама гуна иҷозатномаҳои будубош дар ин кишвар барои ҳама шаҳрвандони Афғонистонро манъ карданд, ки ба ин кишвар ворид мешаванд. Ин дар ҳолест, ки санади иҷозаи будубош як пешшарти муҳими таслими ариза барои паноҳҷӯӣ ба ҳисоб меравад. СММ мегӯяд, ба иловаи ин, комиссиюни давлатии мушаххаскунии ҳолати будубоши аризадиҳандаҳо кори худро дар заминаи баррасии аризаҳои паноҳҷӯён боздоштааст.

“Ин саддҳо боиси он шудааст, ки паноҳҷӯёни навомада аз Афғонистон дар ин кишвар бидуни санад ҳастанд ва бо хатари ҷаримабандиву ҳабсу ихроҷ рӯбарӯ мешаванд”. UNHCR аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки аз ҳама гуна ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба ватанашон даст бардоранд ва ҷараёни додани ҳақи иқомат ва мушаххас кардани мақоми паноҳҷӯии онҳоро барқарор кунанд. “Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои онҳое, ки ҷӯи ҳимояти байналмилалӣ ҳастанд, ба қаламраваш роҳ диҳад”, омадааст дар изҳороти UNHCR.

UNHCR дар Душанбе: Аз ҳуқуқи паноҳҷӯён дифоъ мекунем

Масъулони дафтари UNHCR дар Душанбе дар як тамоси Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми ноябр гуфтанд, бо вуҷуди саддҳову мушкилоте, ки вуҷуд дорад, ин созмон талошашро барои дифоъ аз ҳуқуқи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва муколамаро бо мақомоти Тоҷикистон дар ин замина идома хоҳад дод, то ки ҳуқуқи онҳо пурра риоя шуда, аз истирдодашон ба Афғонистон пешгирӣ шавад.

Ба иттилои ин созмон, айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 14 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ ба сар мебаранд. "Аз ин миён 6,5 ҳазор нафарашон то охири соли 2020 омада, боқимондаҳо аз январ то сентябри соли 2021 вориди Тоҷикистон шудаанд", мегӯяд ин созмон.

Хилоф бо қонунҳои байналмилалӣ

UNHCR мегӯяд, барои тамоми кишварҳои ҷаҳон як машварати умумӣ нашр ва тақозо кардааст, ки барои ҳа гурӯҳҳои паноҳҷӯёни афғонистоние, ки баъди моҳи август дар фикри ҳимояту сарпаноҳ муроҷиат мекунанд, посухи рад надиҳанд. Муҳим нест, ки ин афрод ба таври мустақим аз ватани худ ворид мешаванд ваё тавассути кишварҳои сеюм, мегӯяд СММ. “Зӯран баргардонидани онҳо хилоф бо қонунҳои байналмилалӣ буда, ҳаёти онҳоро бо хатар рӯбарӯ мекунад”, гуфтааст ин ниҳод. Ин созмон мегӯяд, аз поймолшавии ҳуқуқи паноҳҷӯён, аз ҷумла занону духтарон ва ҳам онҳое, ки бо ҳукумати пешини рӯ ба ғарби Афғонистон рабт дода мешаванд, нигарон мебошад.

Дар Афғонистон аз миёнаҳои моҳи августи имсол гурӯҳи “Толибон” аксар қаламравҳоро таҳти назорат гирифтааст ва омадани ин режим дар кишваре, ки давоми 20 соли гузашта таҳти ҳукумати рӯ ба ғарб амал мекард, хатари интиқомҷӯӣ барои ҳамкорӣ бо ҳукумати пешинро ба миён овардааст.

"Толибон" гуфтаанд, ки барои онҳое, ки бо ҳукумати пешин ҳамкорӣ кардаанд, ҳеҷ мушкиле эҷод намекунанд, вале бисёриҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Баъд аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи “Толибон”, садҳо шаҳрванди он кишвар ба давлатҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, паноҳанда шуданд. Гуфта мешавад, даҳҳо паноҳҷӯи дигар талош доранд, ки аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон шаванд, аммо комёб нагаштаанд. Дар умум, ба иттилои мақомот, то моҳи сентябри имсол дар ҳудуди Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳҷӯи афғон қарор доштанд. Як гурӯҳи 150-нафараи халабонҳои афғон, ки 15-уми август аз Кобул ба Тоҷикистон паноҳ бурданд, бо ёрии мақомоти амрикоӣ рӯзи 10-уми ноябр аз Душанбе ба Имороти Муттаҳидаи Араб бурда шуданд ва қарор аст аз он ҷо ба ИМА бираванд. Ин паноҳҷӯён аз ҷараёни кунди баррасии қазияҳои онҳо ва кӯмакҳои нокофии башарӣ дар қароргоҳҳои паноҳҷӯён дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Мақомот тоҷик гуфтаанд, ки бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ ба ин гурӯҳ ёрии зарурӣ расонида мешавад.

Қарор аст ҳафтаи оянда дар Душанбе мавзӯи кӯмак ба Афғонистон тавассути ҳамсоякишварҳои он дар Осиёи Марказӣ дар ҷаласаи калони вазирони корҳои хориҷии ОМ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шавад. Ҷараёни расидагӣ ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон инчунин дар як нишасти хабарии раҳбарияти UNHCR дар Душанбе ҳам матраҳ мешавад.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG