Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳои афғонистонӣ Тоҷикистонро тарк карданд


Халабонҳои афғонистонӣ пеш аз парвоз

Халабонҳо ё пилотҳое, ки миёнаи моҳи август аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, шаби 9 ба 10‑уми ноябр бо кумаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин кишвар берун шуданд.

Ин хоҳиши худи пилотҳо буд, ки борҳо дар борааш садо баланд кардаанд. Онҳо борҳо аз ояндаи худ изҳори нигаронӣ кард буданд.

Як халабони афғонистонӣ пеш аз парвоз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳоро ба кишвари сеюм мебаранд ва баъдан қарор аст, ба Амрико интиқол ёбанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз аз 143 пилот, боз чанд оилаи дигари афғонистонӣ, аз ҷумла рӯзноманигоронро низ аз Тоҷикистон ба кишвари дигар бурда шуданд.

Дар Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда буданд, ки як гуруҳи тахминан 191-нафарии афғонҳо, бо шумули пилотҳоро ба хориҷ мебаранд.

Яке аз халабонҳо қабалан гуфта буд, ки ҳафтаи гузашта ба онҳо хабар доданд, ки ҳуҷҷатгузории сафари онҳо ҳал шудааст ва аз Тоҷикистон бароварда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар миёни онҳо, ду бону низ ҳастанд, ки яке аз онҳо бояд ҳамин рӯзҳо таваллуд кунад. Ин зан ду бор ба бемористон бурда шуд ва зери назорати пизишкони тоҷик буд.

143 пилот ё халабони афғонистонӣ рӯзи 15-уми август баъд аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон", ба Тоҷикистон фирор карданд ва се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.

Дар ин муддат борҳо шикваи онҳо шунида шудааст, ки ин ҷо дармондаанду сарнавишташон номаълум аст ва ҳамчунин наздиконашон дар Афғонистон таҳти фишори "Толибон"-анд.

Ин дар ҳолест, ки "Толибон" пештар гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Баъд аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи “Толибон”, садҳо шаҳрванди он кишвар ба давлатҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, паноҳанда шуданд. Гуфта мешавад, даҳҳо паноҳҷӯи дигар талош доранд, ки аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон шаванд, аммо комёб нагаштаанд.

Дар умум, ба иттилои мақомот, дар Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳҷӯи афғон ҳастанд. Бисёре аз паноҳҷӯён ба монанди халабонҳо мехоҳанд, ба кишвари севум раванд, вале ба назар мерасад, ин кор барои бархе аз онҳо чандон осон нест.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG