Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пилотҳои афғонистонӣ омодаи парвоз аз Тоҷикистон ба кишвари сеюманд


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 9-уми ноябри 2021
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 9-уми ноябри 2021

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико халабонҳо ё пилотҳои дармондаи афғонистониро аз Тоҷикистон ба кишвари дигар мебарад. Ин хоҳиши худи пилотҳо буд, ки борҳо дар борааш садо баланд кардаанд. Онҳо аз нимаҳои моҳи август, пас аз фирор аз Афғонистон, дар Тоҷикистон буданд ва борҳо аз ояндаи худ изҳори нигаронӣ карданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз Фурудгоҳи Душанбе мегӯянд, ба ҷуз аз пилотҳо боз чанд оилаи дигари афғонистонӣ, аз ҷумла рӯзноманигоронро низ аз Тоҷикистон ба кишвари дигар мебаранд.

Як намояндаи Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бале, мо тасдиқ мекунем, ки як гуруҳи тахминан 191-нафарии афғонҳо, бо шумули пилотҳо дар Тоҷикистон ҳастанд. Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои берун бурдани онҳо аз Тоҷикистон кор мекунад."

Намояндаи сафорат гуфт, парвоз мумкин аст, имшаб ё рӯзҳои наздик анҷом дода шавад. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, онҳоро ба кишвари сеюм ва аз он ҷо ба Иёлоти Муттаҳида хоҳанд расонд.

Яке аз халабонҳо рӯзи 9-уми ноябр ҳангоми вуруд ба фурудгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта ба онҳо хабар доданд, ки ҳуҷҷатгузории сафари онҳо ҳал шудааст ва аз Тоҷикистон бароварда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар миёни онҳо, ду бону низ ҳастанд, ки яке аз онҳо бояд ҳамин рӯзҳо таваллуд кунад. Ин зан ду бор ба бемористон бурда шуд ва зери назорати пизишкони тоҷик буд.

143 пилот ё халабони афғонистонӣ рӯзи 15-уми август баъд аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон", ба Тоҷикистон фирор карданд ва се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.

Дар ин муддат борҳо шикваи онҳо шунида шудааст, ки ин ҷо дармондаанду сарнавишташон номаълум аст ва ҳамчунин наздиконашон дар Афғонистон таҳти фишори "Толибон"-анд.

Ин дар ҳолест, ки "Толибон" пештар гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Баъд аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи “Толибон”, садҳо шаҳрванди он кишвар ба давлатҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, паноҳанда шуданд. Гуфта мешавад, даҳҳо паноҳҷӯи дигар талош доранд, ки аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон шаванд, аммо комёб нагаштаанд.

Дар умум, ба иттилои мақомот, дар Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳҷӯи афғон ҳастанд. Бисёре аз паноҳҷӯён ба монанди халабонҳо мехоҳанд, ба кишвари севум раванд, вале ба назар мерасад, ин кор барои бархе аз онҳо чандон осон нест.

XS
SM
MD
LG