Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақти гадоӣ баъзе кӯдаконро мошин зад". ВИДЕО


Як зани паноҳҷӯи афғон дар Кобул

Ҳазорон нафар аз афғонҳое, ки аз ҷангу хунрезӣ дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон гурехтаанд, дар шаҳракҳои сохташуда аз хайма дар Кобул зиндагӣ мекунанд.

Мақомот баъзе аз онҳоро ба хонаҳояшон бозпас фиристодаанд, аммо бисёриҳояшон мегӯянд, ҷое барои рафтан надоранд, чун хонаҳояшон дар ҷанг нобуд шудаанд. Бо наздиктар омадани зимистон ҳоло теъдоди зиёде аз ин мардум муҳтоҷи маводи хӯрока, сарпаноҳи дуруст ва доруворӣ шудаанд.

Шаҳраке аз хайма дар Кобул, сарпаноҳи дурусте барои беҷошудагони афғон нест. Боғи Озодӣ ҳоло ҷое барои зиндагии садҳо нафаре шудааст, аз ҷангу гуруснагиву фақр гурехтаанд. Аксарият аз шимоли Афғонистон омадаанд, ки онҷо Толибон ба зидди неруҳои давлатӣ меҷангиданд. Бо наздик омадани зимистону кумаки кам ин мардум ноумедтар шудаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Вақти гадоӣ баъзе кӯдаконро мошин зад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Як тан аз занони паноҳанда мегӯяд, “мо аз маҷбурӣ омада дар ин ҷо хайма задем. Кирояи хонаро тавонашро надорам, ки бидиҳам. Мушкилоти мо зиёд аст, дар шаб ҳам нон намехӯрам. Сари хаймаҳо чизе меоранд, ман гирифта наметавонам, шавҳарам маъюб аст”.

Идораи паноҳандагони Созмони Милал мегӯяд, танҳо дар Кобул 50 ҳазор беҷошуда зиндагӣ мекунанд. Дар саросари Афғонистон дар натиҷаи даҳсолаҳо ҷангу нооромӣ тақрибан 3.5 миллион нафар бехонумон шудаанд.

Мақомоти Толибон, ки бо созмонҳои имдодӣ кор мекунанд, гуруҳе аз беҷошудагонро аз Кобул ба хонаҳояшон интиқол додаанд.

Аммо бисёриҳо инҷо мондаанд ва имкони баргаштанро надоранд ва ё хонае ҳам надоранд, ки баргарданд.

Бозмуҳаммад, намояндаи мардуми беҷошудаи вилояти Қундуз мегӯяд, “пуле барои мошин надорем, ки ба хона равем. Ин сӯ сармо омада, либоси гарм ҳам надорем, ки бипӯшем.”

Афғонистон хушксолиро сипарӣ кард ва мардуми гурусна ҳам зиёданд. Бо омадани Толибон ба қудрат, тақсими кумакҳои башарӣ низ баҳам хӯрд. Захираҳои молии Афғонистон дастнорас шудааст ва пули кӯмакҳои башариро ҳам гирифта наметавонад.

Баъзе оилаҳо аз Созмони Милал кӯмак мегиранд, аммо маводи хӯрокӣ, доруву сарпаноҳ ба ҳама намерасад.

Айнуддин, намояндаи мардуми беҷошудаи вилояти Тахор гуфт: “Мардум нон барои хӯрдан надоранд, об надоранд. Баъзе тифлакон гушна мондаанд, аз маҷбурии зиёд гадоӣ мекунанд. Як теъдодашонро мошин зад, фавт карданд. Як теъдодашонро сардии зимистон мекушад.”

Созмонҳои имдодии хориҷӣ мегӯянд, дар Афғонистон як буҳрони башарӣ босуръат авҷ мегирад. Он беҷошудагони урдӯгоҳ, ки хона доранд, барои баргашт пул меҷӯянд.

Гуруҳи дигар ба оддитарин лавозим барои зиндагӣ эҳтиёҷ доранд, то тавонанд зимистони сахтро пушти сар кунанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG