Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон чӣ қадаранд: 12, 14 ё 15 ҳазор? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Ҳанс Фридрих Шоддер, намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR), гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон тақрибан 12 ҳазор паноҳҷӯи афғон ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта як намояндаи созмон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шумораи паноҳҷӯёнро тақрибан 14 ҳазор гуфта буд. Ҳамсуҳбати мо гуфта буд, ки 6,5 ҳазор паноҳҷӯ то охири соли 2020 ва боқимонда аз моҳи январ то сентябри соли 2021 ба кишвар омадаанд.

Аз он қабл мақомоти Тоҷикистон теъдоди паноҳҷӯёни афғонро зиёда аз 15 ҳазор нафар шумурда буданд. Маълум нест, фарқ дар омори ҷонибҳо аз куҷо сарчашма мегирад.

Роҳи паноҳҷӯёнро мекушоянд?

Пас аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон", дар моҳи августи имсол, ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, фирор карданд. Гуфта мешавад, садҳо паноҳҷӯйи дигар талош доранд, аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон шаванд, вале ба сабаби баста будани марз на ҳамаи онҳо комёб мегарданд.

Ҳанс Фридрих Шоддер
Ҳанс Фридрих Шоддер

Ҳанс Фридрих Шоддер, намояндаи UNHCR дар Осиёи Миёна, рӯзи 23-юми ноябр дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, масъалаи кушодани роҳи паноҳҷӯёнро бо мақомоти тоҷик баррасӣ доранд.

Мақомоти Тоҷикистон бо далелҳои амниятӣ марз бо Афғонистонро бастаанд. Шоддер гуфт, тибқи қонунҳои байнулмилалӣ, паноҳҷӯён ҳақ доранд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. "Аммо, ҳамзамон, ҳар кишвар аз ҳаққи роҳ надодани паноҳҷӯён ба қаламрави худ низ бархурдор аст," -- афзуд ӯ.

Иддае аз коршиносон маҳдудияти қабули паноҳҷӯёнро ба тасмимҳое пайванд медиҳанд, ки ба бовари онҳо танҳо аз Тоҷикистон вобаста нест. "Пештар раиси ҷумҳури Русия ҳушдор дода буд, ки ҳамроҳ бо паноҳҷӯён, мумкин аст, террористҳо аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Ба ин далел, мақомоти кишварҳои минтақа бо ҳар баҳона аз вуруди теъдоди бештари паноҳҷӯёни афғон ба кишвари худ монеъ мешаванд," -- бовар дорад таҳлилгари тоҷик, Абдумалик Қодиров.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон чӣ қадаранд: 12, 14 ё 15 ҳазор?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Дар фикри рафтан ба кишвари севум

Ин ягона мушкил нест. Дар ҳоле ки гуруҳе аз паноҳҷӯён дар он сӯи Ому мунтазири дохил шудан ба Тоҷикистон ҳастанд, гуруҳе дигар дар ин сӯи Ому дар фикри рафтан ба кишвари севум, ба мисли Канада, ҳастанд.

Ғуломмуҳаммад Атомуҳаммад ба далели амниятӣ ҳамроҳи фарзандонаш аз Кобул ба Душанбе омадааст. Ҳоло ӯ дуредгарӣ мекунад, вале дар сар ҳавои рафтан ба Канадаро мепарварад. Ду писараш солҳо қабл дар он кишвар ҳаққи кору иқомат гирифтаанд.

Ин паноҳҷӯи афғон иддао дорад, ки дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ба мушкилоти онҳо ҷиддӣ расидагӣ намекунад: "Дар ин муддат танҳо як дафъа аз дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон якуним ҳазор сомонӣ ёрӣ гирифтам. Дигар ҳеч расидагие ба мушкилоти мо намекунанд."

Ҳанс Фридрих Шоддер, намояндаи UNHCR дар Осиёи Миёна гуфт, ҳамаи паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ва минтақа ба комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дастрасӣ доранд: "Гузашта аз ин, созмонҳои маҳаллии ғайридавлатӣ низ пайваста бо ин афрод кор мекунанд. Вале, эҳтимол дорад, ки на ба ҳамаи паноҳҷӯён барои расидагӣ ба мушкилоташон вақти кофӣ дода мешавад."

"Сармоягузорӣ зиёд нест"

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, ба ин назар аст, ки сармоягузорӣ ба дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ба ҳаддест, ки наметавонад аз ин бештар ба паноҳҷӯён кумак кунад.

"Ба ин далел миёни мақомоти Тоҷикистон ва ин ниҳод пайваста баҳсҳое мешаванд ва Душанбе пофишорӣ мекунад, ки паноҳҷӯён зудтар ба кишвари севум интиқол дода шаванд. Аммо таҳияи асноди зарурӣ барои интиқол ёфтан ба кишвари севум моҳҳои дароз вақт мегирад," -- гуфт Қодиров.

Дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон таъкид дошт, ки интиқоли паноҳҷӯён ба кишвари севум дар салоҳияти кори ин ниҳод нест ва онҳо танҳо метавонанд, ба гурезаҳо дар маҳалли иқомат ёрӣ расонанд. Ба ин манзур, ин ниҳод пешниҳоди кумакҳоро ба гурезаҳои афғон дар марз бо Тоҷикистон ва дар дохили Афғонистон шуруъ кардааст.

Ҳарчанд Ҳанс Фридрих Шоддер изҳор дошт, ки фаъолияти дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон шаффоф аст, ба далелҳои гуногун аз эълони кумакҳои пешбинишуда барои паноҳҷӯёни афғон худдорӣ кард.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG