Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "хона ба хона"-и Толибон. "Таъмини амният" ё хафв аз Ҷабҳаи муқовимат?


Аз чаҳор рӯз ба ин тараф нерӯҳои амниятии ҳукумати Толибон амалияти поксозӣ ва тафтиши "хона ба хона"-ро дар қисмати шимолии Кобул ва вилоятҳои наздик ба он, аз ҷумла, Панҷшер, Парвон ва Кописо оғоз кардаанд. Толибон иддао доранд, ки ин амалиёт ба хотири "таъмини амнияти мардум" аст. Аммо боварҳо бар ин аст, ки ин амалиёти поксозӣ ба хотири пешгирӣ аз фаъолияти Ҷабҳаи муқовимат ва дигар низомиёни мухолифи ҳукумати Толибон анҷом мешавад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд ахиран чанд амалиёт алайҳи Толибон анҷом додааст.

Нерӯҳои вазорати дифоъ, корҳои дохилӣ ва амнияти миллии ҳукумати Толибон рӯзи ҷумъа ин амалиёти худро бо раҳбарии Мулло Фозил, муовини вазири дифои ҳукумати ин гурӯҳ оғоз карданд. Дар эъломияи Толибон ҳадафи ин амалиёт "нобудсозии дуздон, одамрабоён ва унсурҳои бадхоҳ" гуфта шудааст. Толибон ҳамчунон гуфтаанд, ки дар ҷараёни ин амалиёт ба ғайринизомиён осебе нахоҳад расид.

Аммо наворҳо ва аксҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки вазъияти хонаҳои бархеҳоро пас аз бозрасӣ аз сӯи Толибон нишон медиҳад. Дар ин наворҳои тасвирӣ мардум мегӯянд, ки Толибон дар баробари бозрасии хона ба хона, бо мардум рафтори дуруст надоранд.

Як сокини Кобул, ки ба сабаби ҳассос будани мавзуъ нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ӯ ва хонаводааш бисёр тарсида буданд, зеро шеваи бозрасии Толибон тарснок аст. "Толибон омада буданд, ҳамаи хонаро ҷустуҷӯ карданд, фарзандонам бисёр тарсида буданд. Ҳеҷ ҷой намонд, ҳама ҷойро тагу руй карданд".

Ба гуфтаи як сокини дигари Кобул, "дар ҳар чорроҳа постгоҳ сохтанд, дар хонаҳои мардум дохил мешаванд ва ҷустуҷӯ мекунанд. Ба хонаи мо ҳам омаданд ва бе иҷоза хонаро ҷустуҷӯ карданд. Аз хонаи мо силоҳҳоро ҷамъоварӣ карданд. Пулиси зан низ ҳамроҳашон аст".

Дар ҳамин ҳол, шумори дигаре аз бошандагони ин шаҳр мегӯянд, мумкин аст бо ин кори Толибон, вазъи амниятӣ беҳбуд ёбад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, мардум набояд зиёд нигаронӣ дошта бошанд, зеро ба гуфтаи вай, ин амалиёти поксозӣ барои таъмини амният дар Кобул ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ оғоз шудааст.

Толибон дар ҳоле аз оғози амалиёти поксозӣ дар Кобул ва вилоятҳои дигар хабар доданд, ки шаби панҷшанбе Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд гуфт, ки ҳамлаҳоеро алайҳи Толибон анҷом додааст.

Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи ин ҷабҳа дар "Твиттер"-и худ навишт, сарбозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар минтақаи Булбули ноҳияи Куҳистони вилояти Кописо ба Толибон ҳамла карданд ва 7 нафар аз афроди онҳоро куштанд.

Аз ин қабл гузориш шуда буд, ки нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як амалиёт дар Панҷшер раҳбари гурӯҳи "Мансурӣ"-и Толибон дар ин минтақа Мулло Иззатуллоҳи Қандаҳориро ба ҳалокат расонданд. Аммо Толибон бо фиристодани паёме ба Радиои Озодӣ ин хабарҳоро рад карданд.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳе, ба номи Ҳаракати миллӣ барои озодии Афғонистон иддао кардааст, ки фаъолиятҳояшро дар Ғазнӣ, Нангарҳор ва Кунар оғоз кардааст. Аммо сухангӯи Толибон Иноятуллоҳ Хоразмӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба ҳеҷ гуна таҳдид аз сӯи ин гурӯҳ рӯбарӯ нестанд.

Бо тамом шудани фасли сармо ва гарм шудани ҳаво ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки як бори дигар дар Афғонистон ҷанг оғоз шавад. Қабл аз ин ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз оғози ҳамлаҳо ба зидди Толибон дар фасли баҳор хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG