Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе тасмими Толибонро маҳкум карданд. ВИДЕО


Занону духтарони афғонистонӣ дар Тоҷикистон зидди Толибон шиор доданд
Занону духтарони афғонистонӣ дар Тоҷикистон зидди Толибон шиор доданд

Гуруҳе аз занону духтарони афғонистонӣ дар сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, Толибонро барои роҳ надодани духтарон ба мактаб танқиду маҳкум карданд. Толибон баъди расидан ба қудрат духтарони аз синфи шашум болоро аз таҳсил дур намуданд. Онҳо ваъда дода буданд, ки 23-юми марти имсол ба хондани духтарон иҷозат медиҳанд, аммо пас аз чанд соат аз раъйи худ гаштанд.

Вазорати маорифи Толибон гуфтааст, ҳар гоҳе либоси духтарон бар асоси шариат ва суннат тарроҳӣ шавад, он гоҳ иҷозаи таҳсилро хоҳанд дод. Миногул Ғиёсӣ, фаъоли ҳуқуқи занони афғон, рӯзи 25-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи либос баҳонае беш нест.

"Худатон ҳам шоҳид ҳастеду мактабҳои Афғонистонро мебинед, бисёр як либоси исломӣ ба тан доранд. Чодар мепӯшанд, либосҳои дуруст мепӯшанд. Аммо назари толиб дигар чиз ҳаст. Яъне, як баҳонаҷӯйӣ ба либоси духтарон. Дар асл ҳадафи онҳо нагузоштан ба дарс аст," – афзуд ӯ.

Миногул Ғиёсӣ
Миногул Ғиёсӣ

Иштирокдорони нишаст дар сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе Толибонро ба дурӯғгӯӣ ва ваъдахилофӣ муттаҳам карда, аз онҳо тақозо карданд, ки монеи таҳсили духтарон нашаванд. Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби “Сомониён" дар Душанбе, гуфт, "Толибон бори дигар собит карданд, ки аз рушду пешрафти занон дар Афғонистон ҳарос доранд."

Вай таъкид кард, ки "мо ҳам инсон ҳастем, чаро мактаб наравем? Магар хондани дарс ба мо ҷурм аст? Як бори дигар собит карданд, ки на танҳо хусумати амиқ бо зан, илм ва тамаддун доранд, балки аз бедорӣ ва огаҳии ними пайкари ҷомеа бо шиддат дар ҳаросанд.”

Ноҷия Зоҳир
Ноҷия Зоҳир

Баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, дар моҳи августи соли гузашта, зиндагии занону духтарони он кишвар ба куллӣ дигар шуд. Толибон дари мактабҳоро ба рӯйи духтарони синфҳои болоӣ бастанд ва занонро аз ҳаққи кору озодиҳои дигар маҳрум карданд.

Муҳаммадзаҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе, рӯзи 25-уми март дар нишаст буд. Вай гуфт, "вазири маорифи номниҳоди Толибон мегӯяд, хонумҳо бояд то синфи 6 дарс бихонанд, баъд аз он идомаи тадрис барои занҳо фасодро эҷод мекунад. Як касе, ки ба хоҳари худ эҳтиром дошта бошад, як касе, ки ба модари худ эҳтиром дошта бошад, як касе, ки ба ҳамсари худ эҳтиром дошта бошад, чунин вожаро истифода мекунад? Ҳаргиз намекунад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Духтарони афғон дар Душанбе ба зидди Толибон эътироз карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Чанде аз кишварҳои ғарбӣ низ тасмими Толибонро дар мавриди манъи таҳсили духтарони аз синфи 6 боло дар Афғонистон маҳкум карданд.

Вазирони корҳои хориҷии Бритониё, Канада, Фаронса, Итолиё, Норвегия, Амрико ва намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо аз Толибон хостаанд, тасмими худро дигар кунанд. Онҳо гуфтаанд, ин кори Толибон бар хилофи ваъдаҳояшон дар баробари афғонистониҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Бо гузашти ҳафт моҳ ҳеч кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст. Созмону кишварҳои ҷаҳон дар баробари ташкили як ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занону духтаронро ба кору таҳсил, яке аз шартҳои пазируфтани ҳукумати Толибон медонанд.

XS
SM
MD
LG