Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд Толибонро ба ваъдахилофӣ гунаҳкор кард


Аҳмад Масъуд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Толибонро танқид кард, ки ба ваъдаашон барои ташкили ҳукумати фарогир вафо накардаанд. Аҳмад Масъуд, дар паёме гуфт, то замоне ки Толибон аз сӯи мардуми Афғонистон пазируфта нашаванд, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нахоҳанд шуд.

Толибон, ки ҳоло қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, ба ин паёми Аҳмад Масъуд вокуниш накардаанд. Аз замони ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар моҳи августи соли 2021, ин аввалин паёми видеоии Аҳмад Масъуд аст. Пеш аз ин Масъуд асосан паёмҳои садоӣ ва матнӣ пахш мекард.

Паёми 26-дақиқаии Аҳмад Масъуд, фарзанди қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд, шаби 24-уми март дар Фейсбук нашр шуд. Дар паём Масъуди хурдӣ мардуми Афғонистонро ба ҷашни Наврӯз табрик карда, гуфтааст, соли "гузашта бархилофи интизории мардум соли баде барои ҳамаи мо буд".

"Ҳамаи мо ба хатми ҷанг ва омадани фазои сулҳ умедвор будем. Аммо, мутаассифона, бо далоили мухталиф, аз ҷумла адами идораи дурусти Толибон ба хатми ҷанг ва иродаашон ба гирифтани қудрат аз роҳи зӯр боиси аз даст рафтани фурсати сулҳ шуд," -- афзудааст ӯ.

Аҳмад Масъуд дар паёмаш аз дубора баста шудани мактабҳои духтарона низ танқид кард. Ҳукумати Толибон ваъда дод, ки рӯзи 23-юми март дари мактабҳои духтаронаро барои муҳассилини аз синфи 6 боло мекушояд. Аммо вақте духтарон ба мактаб рафтанд, дари мактабҳо баста буд. Толибон гуфтанд, то замони муайян шудани тарзи либоспӯшии духтарон мактабҳо ҳамчунон пӯшида мемонанд.

"Хоҳарони азизам имрӯз бо ҳазор умед дар соли нав ба тарафи мактаб рафтанд, аммо бо дурӯғ ва тазвир бархӯрд карданд ва бо дарвозаҳои баста," --гуфт Аҳмад Масъуд.

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар бораи мубориза алайҳи Толибон ва ҷабҳаи зери роҳбариаш зиёд суҳбат накард. Ӯ танҳо гуфт, Ҷабҳаи муқовимат бо даъвати уламои ислом ҷангро қатъ кард, аммо Толибон ба ҷуз аз таслим ва "байъат" (аҳди вафодорӣ баён кардан) дар масъалаи дигар суҳбат кардан нахостанд.

Рӯзи 15-уми августи соли гузашта бо тасарруфи Кобул, Толибон ҳукуматро дар Афғонистон дубора ба даст гирифтанд. Дараи тоҷикнишини Панҷшер бо роҳбарии Аҳмад Масъуд алайҳи Толибон муборизаро идома дод. Баъди як ҳафтаи ҷанг Толибон гуфтанд, ки Панҷшерро пурра тасарруф кардаанд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, нерӯҳояш дар кӯҳҳои Панҷшер сангар гирифтаанд ва муборизаро идома хоҳанд дод.

Давоми ҳафт моҳи ахир хабарҳо аз ҷангҳои пароканда миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат расонаӣ шуд. Намояндагони ҳукумати Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат моҳи январи имсол дар Эрон гуфтугӯ доштанд, аммо ин дидор бе ягон натиҷаи муҳим ба анҷом расид.

Аҳмад Масъуд шаби гузашта дар паёмаш ҳамчунин гуфт, дар як соли ахир шоҳиди он буданд, ки ҳарими хусусии мардум шикаста шуд, хонаҳо ғорат, озодии баён аз мардум гирифта шуд. Масъуд ҳамчунин аз он нигаронӣ кард, ки бархилофи авфи эълонкардаи Толибон, кормандони ниҳодҳои қудратии ҳукумати пешин кушта ва нопадид шуданд. Нигарониҳо аз амалкарди Толибон борҳо садо додааст, аммо намояндагони ин гуруҳ аксари танқидҳоро қабул надоранд.

Аҳмад Масъуд аз мардуми Афғонистон ва олимони ислом дар кишвараш даъват кард, ки алайҳи Толибон ва вазъияти пешомада садо баланд кунанд.

Бо фаро расидани фасли баҳор ин нигарониҳо вуҷуд доранд, ки ҷангҳо дар Афғонистон дубора шиддат мегиранд. Аҳмад Масъуд дар паёмаш мушаххасан дар ин бора чизе нагуфт ва танҳо ба "истодагӣ дар баробари Толибон ва идомаи мубориза" таъкид кард.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG