Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қарабоғи Кӯҳӣ вазъи низомӣ эълон карданд


Марзи Озарбойҷон бо Арманистон
Марзи Озарбойҷон бо Арманистон

Дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ, ки барои он Арманистон ва Озарбойҷон солҳо боз баҳс доранд, вазъи низомӣ эълон шуд.

Дар ин бора Араик Арутюнян, раҳбари ин минтақа қарор имзо кардааст.

Аз ин пеш, Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки низомиёни озарбойҷонӣ ба минтақаи зери назари нерӯҳои сулҳпарвари Русия ворид шуда, аз тариқи ҳавопаймои бесарнишин чор ҳамла ба деҳаи Фаррух кардаанд. Маскав аз Озарбойҷон хостааст, нерӯҳояшро берун кунад. Вазорати корҳои хориҷии Русия ҷонибҳоро ба созиш даъват кардааст.

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон баёнияи Русияро "якҷониба" донистааст. Ба гуфтаи мақомоти Озарбойҷон, баръакс субҳи 26-уми март нерӯҳои арманӣ хостанд, ба артиши Озарбойҷон ҳамла кунанд.

Арманистон Озарбойҷонро ба поккории қавмӣ айбдор мекунад. Ин ду кишвар беш аз сӣ сол боз бар сари идораи Қарабоғи Кӯҳӣ баҳс доранд ва дар ҷангҳои ду тараф ҳазорон нафар куштаву бехонумон шудааст.

XS
SM
MD
LG