Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон дар Тоҷикистон кай оғоз мешавад? Қарор нест, тақвим ҳаст


Масҷди марказии Душанбе, акс аз бойгонӣ
Масҷди марказии Душанбе, акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи Рамазонро эълон накардааст, дар Душанбе тақвимҳои рамазониро ба фурӯш баровардаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми март дар дӯконҳои назди Масҷиди марказии Душанбе, ки Шӯрои уламо ҳам онҷо воқеъ аст, ин тақвимҳоро диданд. Дар тақвимҳо, ки аз номи Маркази исломии Тоҷикистон таҳия шудаанд, 2-юми апрел рӯзи аввали моҳи Рамазон нишон дода шудааст.

Бар асоси ин тақвим, нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст ва шахсоне, ки ин маблағро доранд, бояд аз он 875 сомонӣ закот диҳанд. Фитри рӯза, ки барои ҳар узви оила бояд ба камбизоатон дода шавад, имсол 7 сомонӣ таъин шудааст.

Бар асоси ин тақвим, шахсоне, ки бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ имкони рӯза гирифтан надоранд, ба шахсони эҳтиёҷманд 420 сомонӣ хайр мекунанд.

Масъулони Шӯрои уламо дар робита ба ин тақвим чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG