Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ рӯзи 24-уми март дар як силсила нишастҳои сатҳи олӣ дар Брюссел таҳрим ба зидди Русияро афзуда, ба Украина ёриҳои бештари низомӣ ва башардӯстона ваъда доданд.
Дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви НАТО, G7 ва Иттиҳоди Аврупо иқдомҳои баъдӣ дар робита ба таҷовузи Русия ба хоки Украина эълон шуд.
Ҳамчунон дар оғози моҳи дуюми ҷанг раҳбари Украина Владимир Зеленский аз иштирокдорони нишастҳо кумаки бидуни маҳдудияти низомӣ дархост намуд.
Президенти Амрико Ҷо Байден мегӯяд, таҷовузи Русия иттиҳоди кишварҳои паймони НАТО, Иттиҳоди Аврупо ва Гурӯҳи ҳафт кишвари саноатии оламро таҳким бахшид.
Иёлоти Муттаҳида таҳрими даҳҳо муассисаи ҳарбӣ, 328 узви Думаи Давлатии Русия ва раиси “Сбербанк”-ро эълон намуда, афзуд, ба маблағи як миллиард доллар ба Украина ёрии башардӯстона мефиристад.