Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон маъракаи шумориши аҳолӣ оғоз шуд


Маъракаи шумориши аҳолии Қирғизистон 25 март оғоз шуда, қарор аст, то 3 апрели соли равон идома ёбад. Сокинони баъзе аз ноҳияҳои алоҳидаи Қирғизистон аз 23 апрел то 2 майи соли равон шумурда хоҳанд шуд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бахшида ба оғози ин маърака паёмеро ироа ва аз шаҳрвандони кишвараш хост, дар он иштирок кунанд.

"Хати рушди кишвар дар асоси ин маълумот муайян мешавад. Яъне, он ояндаи кишвар аст", - афзуд вай.

Худи Ҷабборов низ дар маърака иштирок карда, ба суолҳо посух гуфт.

Пештар расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки барои шумориши аҳолии он кишвар 28 ҳазор корманди муваққатӣ ҷалб шудааст.

Аҳолии Қирғизистонро бори охир соли 2009 шумурда буданд ва он замон теъдоди онҳоро 5,3 миллион нафар гуфтанд.

XS
SM
MD
LG