Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаи умумии СММ хостори қатъи фаврии ҷанг дар Украина шуд


Созмони Милал
Созмони Милал

Маҷмаи умумии Созмони Милал қатъномаеро бо талаби муҳофизати сокинони осоиштаву зербиноҳои мадании Украина ва қатъи фаврии даргириҳо дар он кишвар қабул кард.

Ин қатънома 24-уми март қабул шуд ва хусусияти тавсиявӣ дорад.

Аз қатънома 140 кишвар ҷонибдорӣ карда, танҳо чаҳор давлат - Сурия, Беларус, Чин ва Эритрея – ҳамроҳи Русия зидди он раъй доданд. 38 кишвари дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Дар қатънома Русия барои ба вуҷуд овардани "вазъи мудҳиши башарӣ" баъди оғози ҳамлаи мусаллаҳона ба хоки Украина танқид шудааст.

Нерӯҳои Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Маскав мегӯяд, ин амалиёти вижаи низомӣ аст, Киев таҷовуз ба хоки худ медонад ва хоҳони оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳои русӣ аст.

XS
SM
MD
LG