Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон дастур дод, аз болоравии нархҳо пешгирӣ карда шавад


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 23-уми март дар як ҷаласа ба девони вазирони он кишвар дастур додааст, ки устувории нархҳоро дар бозори дохилӣ таъмин кунанд.

Ба огаҳии Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, Мирзиёев дастур додааст, ки талаботи сокинон аз роҳи муътадил нигаҳ доштани нархҳо дар бозори дохилӣ ва кумак ба воридкунандагони орд, шакар, равғани растанӣ ва маҳсулоти дигари ғизоӣ таъмин карда шавад.

Президенти Узбекистон таъкид кардааст, ки вазифаи асосии ҳукумати он кишвар коҳиши таваррум ва ҳарчи зудтар баргардонидани он ба нишондоди мавриди назар мебошад.

Мирзиёев ҳамчунин ёдовар шудааст, ки Бонки миллии Узбекистон дар таъмини суботи бозори дохилии асъор ва тағйирпазирии қурби он дар шароити номуайян бояд аз бархӯрди эҳтиёткорона кор гирад.

XS
SM
MD
LG