Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадлен Олбрайт, аввалин вазири хориҷии зан дар Амрико, даргузашт


Мадлен Олбрайт.
Мадлен Олбрайт.

Мадлен Олбрайт, аввалин вазири хориҷии зан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми март бар асари бемории саратон дар 84-солагӣ даргузашт.

Билл Клинтон, раиси ҷумҳури пешини Амрико дар соли 1996 Мадлен Олбрайтро Вазири корҳои хориҷии ИМА интихот кард ва ӯ дар чор соли ахири ҳукумати Клинтон дар ин мақом кор кард.

Дар он замон ӯ баландтарин рутбаи сиёсии занон дар таърихи ҳукумати Амрикоро дошт.

Мадлен Олбрайт соли 1937 дар Прага -- пойтахти Чехославакияи пешин ба дунё омад ва дар соли 1939, пас аз ҳамлаи Олмон ба ин кишвар, ҳамроҳи хонаводааш ба Бритониё гурехт.

Дар ҳоле, ки хонаводаи ӯ яҳудиасл буданд, аммо ӯ ба ҳамчун як фарди католик калон шуд ва танҳо дар замони раҳбариаш дар Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 1997 фаҳмид, ки се тан аз модаркалон ва бобокалонҳои ӯ дар "Ҳолокост" ҷон бохтаанд.

Хонум Олбрайт, ки аз соли 1997 то 2001 дар мақоми Вазири хориҷӣ хизмат кард, барои густариши НАТО ба тарафи шарқ дар блоки Шӯравии собиқ талош кард.

Ӯ пеш аз расидан ба мақоми раҳбарии Вазорати корҳои хориҷии Амрико, аз соли 1993 то 1997 сафири ИМА дар СММ буд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико дар соли 2012 ба Мадлен Олбрайт "Медали Озодӣ"-ро тақдим кард.

Аз Мадлен Олбрайт ба унвони фарде ошкоргӯ ёд мешавад. Ӯ пас аз поёни давраи вазораташ, аз Ҷорҷ Буши писар бинобар истифода аз "зӯр" ба ҷойи тақвияти дипломатия, интиқод кард ва гуфт, ки Буш раҳбарони миёнарави арабро ронд ва миёни Амрико ва муттаҳидони аврупоӣ ихтилофҳои хатарнокро эҷод кард.

Хонум Олбрайт ҳамчунин ба зарурати даст ёфтан ба "заминаҳои муштарак" байни Эрон ва ИМА таъкид мекард ва аз ҷумлаи панҷ вазири корҳои хориҷии Амрико буд, ки чанд сол пеш аз раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвар хоста буд, то бе ҳеҷ шарти пешакӣ бо Эрон вориди музокира шавад.

XS
SM
MD
LG