Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори "The Insider" Оксана Баулина дар Киев кушта шуд


Оксана Баулина.
Оксана Баулина.

Хабарнигори расонаи "The Insider" Оксана Баулина дар натиҷаи тирпарониҳо дар шаҳри Киеви Украина кушта шудааст.

"Ӯ ҳангоми наворгирии харобиҳо баъд аз ҳамлаи нерӯҳои Русия дар ноҳияи Подолскийи пойтахти Украина мавриди ҳамлаи нави мушакӣ қарор гирифтааст. Ҳамроҳи ӯ як сокини осоиштаи дигар низ ҷон бохта, ду шарикаш захмӣ ва бистарӣ шудааст", - менависад "The Insider".

Баулина то ин дам дар Бунёди зидди коррупсия (ФБК) кор мекард ва бо Бахши русиягии Радиои Озодӣ ва "Медиазона" ҳамкорӣ дошт.

Бахши русиягии Радиои Озодӣ соли 2017 дар бораи Оксана Баулина филми ҳуҷҷатиеро нашр кард ва ӯ он замон сармуҳаррири канали "Навалний Live" буд. Баулина баъди созмони экстремистӣ эълом шудани бунёд маҷбур шуд, Русияро тарк кунад.

XS
SM
MD
LG