Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии футзал дар Қазоқистон бо занозанӣ анҷомид


Бозии футзал бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳри Темиртауи Қазоқистон рӯзи 21-уми март бо занозании бозигарон ба поён расид. Дар ин муноқиша мухлисони дастаҳои "Имсталкон" ва "Оқ Жол" ҳам ширкат кардаанд.

Шоми 22-юми март пулис хабар дод, ки ҳамаи ширкатдорони занозанӣ муайян ва бо моддаи "авбошии дастаҷамъӣ" парванда боз шудааст.

Бозӣ дар маҷмаи варзишии шаҳри Темиртау баргузор шуд. Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, бозигари як даста бозигари дастаи дигарро тела медиҳад. Ин ҳолат боиси занозании дастаҷамъӣ гардидааст.

XS
SM
MD
LG