Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили намоиш дар Қазоқистон барои мадад ба Украина


Асхат Ахмедяров
Асхат Ахмедяров

Рассомони машҳури қазоқистонӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон барои мадад ба Украина намоиши хайриявӣ ташкил карданд. Маблағҳо аз фурӯши расмҳо ба сафорати Украина дар Қазоқистон дода мешавад.

Рассомон Рашид Нурекеев, Сауле Сулаймонова, Куаниш Бозоргалиев, Асхат Ахмедяров, Зоя Фалкова, Акмарал Жиенгалиева расмҳои худро ба намоиш овардаанд.

Баҳои расмҳо дар намоиш гуногун аст – аз 30 ҳазор танга то ним миллион танга. Ба гуфтаи созмондиҳандагони намоиш, рассомон асарҳои худро арзонтар ба фурӯш гузоштаанд, то бештар фурӯхта шаванд.

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳамла кард. Ба иттилои Созмони Милал, дар ин муддат бештар аз 900 аҳолии осоиштаи Украина, аз ҷумла бештар аз 100 кӯдак кушта шудаанд.

Омори воқеӣ метавонад, аз ин бештар бошад. Теъдоди низомиҳои кушташуда аз ҳар ду ҷониб ба ҳазорон нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG