Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъёри хушбахтӣ аз назари тоҷикон кадом аст? ВИДЕО


Имрӯз 20-уми мартро Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон кардааст. Чизе, ки ҳамаи инсонҳо мехоҳанд, ба он бирасанд ва аз ҳар роҳ. Яке аз роҳи саъю кӯшишу талош, дигарӣ аз роҳи кору заҳмати зиёд ва иддае ҳам аз роҳи дуздиву қонуншиканӣ.

Созмони Милал хушбахтӣ ва ё некӯаҳволии инсонҳоро бар асоси як идда аз меъёрҳо, аз ҷумла сатҳи зиндагӣ, даромади моҳона, саломатӣ баҳо медиҳад. Дар Тоҷикистон сокинон бар асоси кадом меъёрҳо худро хушбахт мешуморанд. Рӯзи 18-уми март Радиои Озодӣ аз роҳгузарони пиру ҷавон дар кӯчаҳои Душанбе пурсид, ки Шумо худро хушбахт меҳисобед ё барои хушбахт шудан ба инсон чӣ лозим аст? Ин посухҳоро гирифт:

«Барои хушбахтии инсон аввал саломатӣ, дуввум дунёи осудаву обод, фарзандонамон, давлатамон осуда бошад. Худро хушбахт эҳсос мекунам.»

«Худро чандон хушбахт эҳсос намекунам, зиндагӣ мушкил аст, падару модар дар Маскав, барои пул рафта он ҷо кор мекунанд. Мо ҳаққи вуруд ба Русия надорем, дар Тоҷикистон мегардем.»

«Шукри Худо худро хушбахт эҳсос мекунам, лекин ҳамин қиматиро намебинед, ки чӣ хел нархҳоро қимат карда истодаанд. Агар арзонӣ бошад, халқ зиндагияш боз беҳтар мешавад, хушбахт мешавад, ҳар сӯ озод гашта метавонад.»

"Дар ҷайбат пул бошад, хушбахт мешавӣ, набошад, аз куҷо?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

«Пеш аз ҳама дидани хурсандии наздикон, саломатии падару модар шахсан барои ман боиси хушбахтист, наздикон хурсанд бошанд, мо низ хушбахтем.»

«Фарзандони хуб, зиндагии хуб, саломатӣ ва тинҷиву амонӣ лозим. Хушбахтам, ки як духтару як писар ва панҷ намебра дорам.»

«Барои хушбахтӣ ба инсон озодиву демократия лозим. Пул ҳам лозим, табиист, ки бе пул намешавад кореро анҷом дод.»

«Оиларо, зиндагиро дӯст доштан лозим, коратро дӯст доштан даркор, ман хушбахтам.»

«Бисёр чиз лозим нест, хона, оила, лекин бепул ҳам намешавад хушбахтӣ. Ҳама дар фикранд, кӣ дар куҷо кор кунем, аз куҷо пул ёбем, бе пул ҳама дар ташвиши зиндагӣ.»

«Барои мо ронандаҳои мусофиркаш ҳамон рӯзе, ки мусофир ёбему кор кунем, бегоҳӣ барои фарзандон як чизе барем, хушбахтӣ аст.»

«Муҳаббату дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ лозим, хушбахтам.»

«Дар ҷайбат пул бошад, маошат зиёдтар шудан гирифт, хушбахт мешавӣ, набошад аз куҷо хушбахт мешавӣ.»

«Асосан саломатии падару модар, дигар ягон чиз лозим нест, ба мо барои хушбахтӣ, пулу моли дунё аст, ки мешавад.»

Меъёри хушбахтӣ аз назари шумо кадом аст. Дар зери ҳамин мақола нависед.

XS
SM
MD
LG