Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва хушбахтӣ: Фалсафаи "шукр", дасткории афкори ҷомеа ва инсондӯстӣ


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Созмони насарсанҷии Gallup мегӯяд, бар асоси нишондодҳои солҳои 2017-2019 Тоҷикистон аз рӯи шохиси хушбахтӣ дар миёни 153 кишвари ҷаҳон дар мақоми 71-ум қарор гирифт. Таҳқиқоти “Гузориши хушбахтӣ дар ҷаҳон” 20-уми март дар Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ нашр шуд. Муаллифон дар даҳ ҷойи аввал кишварҳои аврупоие ба монанди Финляндия, Дания, Швейтсария ва дар зинаҳои поинтарин Зимбабве, Судони Ҷанубӣ ва Афғонистонро ҷой додаанд.

Тоҷикистон дар миёна ҷойгир шуда, мавқеаш аз назари хушбахтии аҳолӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ сеюм будааст. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Узбекистон (ҷойи 38-ум) ва Қазоқистон (50-ум) пеш аз Тоҷикистон ва Қирғизистону (74) Туркманистон (95) баъди он қаррор гирифтаанд. Инчунин ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқи Русияву (73) Беларус (75) баъди Тоҷикистон омадаанд.

Муаллифон мегӯянд, пажӯҳиши эҳсоси хушбахтии мардум дар кишварҳо бар асоси ҳафт меъёр, аз ҷумла вазъи иқтисодӣ, саломатӣ, озодии амал, хайру саховат, бардошт аз коррупсия ва муносибат ба тамоми ин меъёрҳо дар маҷмӯъ арзёбӣ мешавад. Муаллифон мегӯянд, дар давоми солҳои мавриди таҳқиқи онҳо (2008-2012 ва 2017-2019) дар кишвар тағйироти мусбат рух додааст.

Пажӯҳишгарони хушбахтӣ имсол инчунин ба хушҳолии сокинони шаҳрҳо таваҷҷӯҳ карда, гуфтаанд, ки Душанбе (баъди шаҳри Обидҷони давлати Соҳили Оҷ – ҷои аввал) аз назари тағйирот дар ҷойи дуюм истода, дар ҷои сеюм Вилнюси Литва ва дар ҷои чаҳорум – Алмаатои Қазоқистон мебошанд.

Аз назари меъёри “Қаноатмандии субъективӣ аз оянда” дар миёни 186 шаҳр Душанбе дар мақоми 110-ум аст. Яке аз муҳаққиқони ин гузориш ба шарти фош нашудани номаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз назари “омилҳои мусбат” Душанбе аз байни 183 шаҳр дар ҷои 173-юм ва “омилҳои манфӣ” – дар ҷои 13-ум қарор гирифтааст. Агар тағйироти мусбат дар Душанбе мавқеи онро дар миёни беҳтаринҳо ҷой дода бошад, бардошти мардум аз сифати зиндагӣ чандон мусбат нест ва ин баёнгари пуршиддат будани зиндагӣ дар пойтахт мебошад”.

Ин муҳаққиқ дар шарҳи гузориш гуфт: “Бо вуҷуди беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум дар Душанбе, сокинон як фишори равониро эҳсос мекунанд”.

Узбекистон дар садри “хушбахттаринҳо”-и Осиёи Марказӣ

Айнура Сағинбаева, як коршарики Gallup дар шаҳри Бишкек масъули ширкати Siar consulting аст, ки дар баргузории таҳқиқоти мазкур иштирок кардааст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Узбекистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи баландтарин қарор гирифт ва далелаш, ба қавли ӯ, ин аст, ки “дар Узбекистон, ба фарқ аз кишварҳои дигари минтақа, тағйироти ҷиддӣ ҷараён дорад. Ин тағйирот ҳам дар бахши сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ, ҳам ҷамъиятӣ дида мешавад. Мардум инро мебинанд ва ба пешрафту навоварӣ ва рушди иқтисодии кишварашон умеди зиёд мебанданд. Ин ҳама дар рӯҳияи мардум ҳам инъикос мешавад ва онҳо инро дар қаноатмандии субъективии худ баён мекунанд. Туркманистон дар ҷои охир аст. Ин кишвар баста аст ва шояд мардум ба ҳамин сабаб ҳам наметавонад умедвории зиёде баён кунад”.

Айни замон, ба қавли Сағинбаева, дар сурати амалӣ нашудани тағйирот ҳукумат эътимоди мардумро аз даст медиҳад ва нишондодҳо ба самти баръакс ҳаракат хоҳад кард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ҳукумат бояд дар ҳамкории наздик бо ҷомеа дар фикри амалӣ кардани ваъдаҳову нақшаҳо бошад.

“Натиҷаҳо баҳсбарангез аст”

Коршиносон дар Тоҷикистон ба натиҷаҳои таҳқиқоти эҳсоси хушбахтии мардум боэҳтиёт вокуниш карданд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик гуфт, ба ин таҳқиқоту натиҷаҳо чандон “бовар надорад”. Ӯ мегӯяд, мардуми кишварҳои зиёде, ки дар миёни “хушбахтҳо” номбар шудаанд, дар асл мушкилоти зиёд доранд ва услуб (методология) ва меъёрҳои ташхиси хушбахтии мардум, аз назари ӯ, қобили эътимод нестанд.

Натиҷаҳои баланди қаноатмандии сокинони Душанбе ҳам, ба андешаи ин таҳлилгар, “шубҳаовар менамояд”. Ӯ мегӯяд, муҳимтарин нишондиҳандаи ин вазъ тарҳи бозсозии симои шаҳри Душанбе аст, ки аз назари тарзи иҷрову қонеъкунии аҳолӣ “баҳсбарангез аст”. Муллоҷонов афзуд, аз анҷоми ин барнома «аҳолии шаҳр аз фоида дида бештар зарар дид».

«Бино ба бӯҳрони иқтисодӣ маблағи ҷубронпулӣ кам мешавад ва шикоятҳои мардум торафт бештар мегардад. Бахши зиёди сокинони Душанбе инчунин аз вайроншавии марказҳои таърихии пойтахт, масъалаҳои нақлиёт афзоиши пайвастаи нархи нерӯи барқ ва хидматрамонии коммуналӣ розӣ нестанд», -- гуфт таҳлилгар.

Фалсафаи “шукр” ва тоҷикон

Бархе дигар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, арзёбии меъёрҳои хушбахтиву қаноатмандӣ аз зиндагӣ дар фарҳанги миллии тоҷикон бо дидгоҳҳои аврупоиҳову ғарбиҳо фарқ мекунад. Онҳое, ки ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардаанд, зиндагии осудаву солим дар нодориву ниёзмандиро авлотар ҳар чизи дигар медонанд.

Равоншинос Марям Давлатова бовар дорад, ки эҳсоси хушбахтиву қаноатмандӣ як меъёри нисбӣ аст. Ӯ мегӯяд: “Барои мардуми тоҷик ин ҳис асосан бо оила вобаста аст. Парвариши фарзанд ва хизмат ба волидон. Масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ҳам аз ҳамин дидгоҳ матраҳ мешавад. Агар азизони мо ба қадри зарурӣ таъмин бошанду саломату осуда, пас тоҷик хушбахт аст. Аз ин рӯ айни замон ман худро хушбахт ҳис мекунам. Албатта, ҳисси нигаронӣ аз баъзе масоили дигари рӯзгор дар умум метавонад нооромие биёрад. Вале ҳама чиз даргузар аст. Аз рӯи фалсафаи шукр бигирем, шахси бемор метавонад аз инсони солим, нодор аз сарватманд хушбахттар бошад, чун зиндагиро зебо мебинад. Ин фалсафаи бунёдии миллати мост ва он ҳисси хушбахтиро то андозае тавлид ва ҳифз менамояд”.

Нур Сафаров, шореҳи масоили иқтисодӣ гуфт, “меъёрҳои таъинкардаи муҳаққиқон аз назари низоми ҷамъиятиву сиёсӣ муҳим ҳастанд, вале дар пушти ин нишондодҳо як чизи хатарнок пинҳон аст. Хатари манипулятсия ё дасткорӣ шудани шуури ҷомеа. Тасаввур кунед, ки фардо ин меъёрҳоро муҳимтарин нишондоди хушбахтии инсон ва давлат арзёбӣ бикунанд? Кӣ онро назорат мекунад?”

Айни замон, ин коршинос мегӯяд, дар ҳама шароит одам дар талоши дастёбӣ ба хушбахтӣ набояд арзишҳои муҳимтарини инсониро ба мисли некиву ғамхорӣ ва башардӯстӣ фаромӯш накунад. Ҳамсӯҳбати дигари Озодӣ гуфт, хушбахтӣ як меъёри иҷтимоӣ аст ва бо ин ки эҳсоси қаноатмандии инфиродӣ барои рӯҳияи инсон ҳамчун узви ҷомеа муҳим аст, хушбахтӣ дар танҳоӣ ва бекасӣ зиёд асар надорад. “Мисле, ки ҳоло бисёр сокинони сайёра барои гирифторони коронавирус дар Чину Итолиёву Эрон ва ҷойҳои дигар нохушнуд мешаванд, хушбахтӣ ҳам то андозае меъёри ҷамъиятӣ ва оммавӣ аст ва агар дар ҷомеа эҳсоси хушнудиву хушбахтӣ набуд, ин мояи ҷиддии нигаронӣ барои ҳукуматҳо аст, ки вазъро ислоҳ кунанд”, -- афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG