Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаққиқи эронӣ: "Аксари тоҷикҳо худро хушбахт меҳисобанд". ВИДЕО


Оромишу ризоият -- ду рози муҳими хушбахтиву муваффақияти инсон аст, ки ба аъзои тамоми ҷомеаҳои ҷаҳон мувофиқ меояд. Дар ин миён мардуми тоҷик, ба гуфтаи як муҳаққиқи масоили хушбахтӣ, сабр, қаноатмандӣ ва хушбиниро ҳамчун асрори саодати зиндагиву хушҳолии худ интихоб кардаанд.

70 дарсади хушбахтии тоҷикон аз худи онҳо вобаста будааст. Ин омор дар кишварҳои аврупоӣ баракс буда, барои хушбахтии инсонҳо муҳит таъсири бештар доштааст.

Муаллифи ин ҳарфҳо Алӣ Маҳмудӣ, як ҷомеашиноси эронӣ аст, ки ба гуфтааш, баъди таҳқиқу омӯзиши 15-сола ба чунин хулоса омадааст. Вай мегӯяд, шурӯъ аз соли 2002 то 2017 рози хушбахтиву хушҳолии инсонҳоро омӯхта, дар 23 ҷилд хулоса карда, дидгоҳҳои худро дар минбарҳои ҷаласаҳои байналмилалӣ дар Дюсселдорф, Дубай, Теҳрон ва Душанбе муаррифӣ намудааст.

Алӣ Маҳмудӣ мегӯяд, пажӯҳишҳои ӯ ва ҳам муҳаққиқони дигари ғарбӣ мегӯяд, ки дар дунё инсоне нест, ки ҳадафи ниҳоии зиндагиаш хушбахтӣ набошад. "Инро 100 дарсади мардум орзу мекунанд, вале танҳо 10 дарсад барои расидан ба ҳадаф талош мекунанд"-, мегӯяд ӯ. Айни замон, хислати муҳими мисли “гузашт” метавонад гарави дигари расидан ба марҳилаи хушбахтӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, хотираи инсон аз амали бади атрофиён, эҳсоси гузаштнопазирӣ ва уқда аз он, ки нафар ё гурӯҳе боиси дарду ҳасрати ӯ шудаанд, намегузоранд, ки инсон аз бардоштҳои бади таҷрибааш даст кашида, дар роҳи расидан ба хушбахтӣ озод шавад.

Муҳаққиқи эронӣ: "Аксари тоҷикҳо худро хушбахт меҳисобанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Алӣ Маҳмудӣ машварат медиҳад, ки инсонҳо барои хушбахт кардани худ бояд чунин чизҳоро дар хотир бигиранд: "Агар мехоҳед дар зиндагӣ хушбахт бошед, бояд аввал оромиш дошта бошед. Аммо барои доштани оромиш, бояд чаҳор чизро дар худамон эҷод кунед. Қаноат, гузашт, сабр-барои ин ман ҳудуди 400 далелро метавонам мисол биёрам ва чорум бояд хушбин бояд буд. Ин ҳама дар маҷмуъ метавонад рози хушбахтии як инсон бошад."

Пажуҳиши "розҳои хушбахтӣ"-и муҳаққиқи эронӣ бар асоси сӯҳбат бо беш аз 2500 сокини Тоҷикистон анҷом шудааст. Бар пояи хулосаҳои ин пажӯҳиш, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, 45 дарсади мардуми тоҷик худро хушбахт меҳисобанд. Роҳи расидан ба хушбахтиро дар сабру қаноат медонанд.

Алӣ Маҳмудӣ, донишманди эронӣ.
Алӣ Маҳмудӣ, донишманди эронӣ.

Муҳаққиқи эронӣ дар ҷараёни ин пажуҳиши худ ба хулосае омадааст, ки аксари мардуми тоҷик бо камтарин шароит қаноат ва худро хушбахт эҳсос мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон табиатан худбину худхоҳ нестанд ва аз занон мисол меорад, ки барои хушбахтиашон танҳо доштани шавҳару фарзанд ва оилаи хуб кофӣ аст.

Алӣ Маҳмудӣ, ки омода аст соатҳо дар бораи назарияи хушбахтӣ сӯҳбат кунад, бештар як равоншинос ва пажӯҳишгари масоили зеҳнии инсонҳо аст. Дар ниҳояти амр, ба гуфтаи ӯ, ҳар инсон худ ҳокими сарнавишти худ аст ва ҳар шахс худ қарор мекунад, ки аз роҳи хушбахтӣ ҳаракат кунад ё на.

Таҳқиқи мавзӯи саодатмандии инсон дар ҷомеаи Тоҷикистон дар гузаштаҳо ҳам ба гунаҳое анҷом шудааст. Дар бештарини ҳолатҳо чунин пажӯҳишҳоро созмонҳои байналмилалии назарсанҷии мисли Галлап анҷом медиҳанд ва дар таҳқиқоти худ оид ба мизони хушбахтии ҷомеаҳои кишварҳои ҷаҳон меъёрҳои зиёди мисли вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, даромади пулӣ, дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоии мисли тиббу беҳдошт, нафақаи хуб дар пирӣ ва ғайраро меомӯзанд.

Дар аксари чунин пурсишҳо, бо вуҷуди поин будани нишондодҳои сифати зиндагӣ дар Тоҷикистон, бар асоси рӯҳияву ризоияти равонии мардум, ки ба фалсафаи миллии қаноату ризоият аз зиндагӣ асос ёфтааст, аксаран гуфта мешавад, ки мардуми тоҷик худро хушбахт эҳсос мекунанд.

Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки хулосаҳои пажуҳишгари эронӣ дар робита ба омилҳои хушбахтии тоҷикон аз воқеият дур нест.

Гулчеҳра Зарифова, як сокини пойтахт, зимни сӯҳбат дар ин бора, гуфт лабханди кӯдакон ва ҳам суботу ороми кишвар барои ӯ хушбахтист. Ба гуфтаи ин зан, бо доштани тамоми шароит дар зиндагӣ, набуди хотири ҷамъ кас наметавонад хушбахт бошад.

Комилҷон Бойматов, як сокини дигари пойтахт гуфт, дар барои сабру тоқат сиҳатии худу хонаводаашро хушбахтӣ медонад. Барои Сабоҳат Тошева як зани дигар, хушбахтии инсон аз дороӣ ва пулу мол вобаста нест. Доштани оилаи солим барои ӯ "хушбахтӣ" аст.

Роҳҳои хушбахтӣ, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, нисбӣ буда, барои ҳар кас ҳар ранг аст. Тоҷир аз даромади хуби рӯз хурсанд мешаваду корафтода аз ҳалли мушкили сахташ, нафари бекор аз хабари хуши пайдо шудани шуғле ва маъюбе аз имконияти нишастан ба як чорчархаи муносибе.

70 дарсади хушбахтии тоҷикон аз худи онҳо вобаста будааст. Ин омор дар кишварҳои аврупоӣ баракс буда, барои хушбахтии инсонҳо муҳит таъсири бештар доштааст.

Алӣ Маҳмудӣ, муаллифи силсилакитобҳои "Розҳои хушбахтӣ" ҳамчунин ин розҳоро муайян кардааст, ки инсонҳо дар рӯи замин барои расидан ба хушбахтӣ дунболи қудрату шуҳрат, сарвату илм, саломатӣ, ҳамсар ва тафреҳу либос ва тарбияту ахлоқ мегарданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG