Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор, хона ва фарзанд. Се чизе, ки тоҷикон хушбахтӣ медонанд


Ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб, хона ва фарзандони солимро бисёре аз сокинони Тоҷикистон аз меъёрҳои аслии хушбахтӣ медонанд. Имсол, дар як арзёбии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи хушбахтии мардумаш дар мақоми 74-ум ва пеш аз Қирғизистону Туркманистон ҷо гирифтааст.

  • Дар гузориши нави хушбахтӣ дар ҷаҳон ё World Happiness Report, ки Созмони Милали Муттаҳид нашр кард, дараҷаи хушбахтӣ дар беш аз 150 кишвари ҷаҳон муайян шудааст. Тибқи ин раддабандӣ, дар ҳудуди кишварҳои Шӯравии пешин сокинони Узбекистон аз хушбахттаринҳо будаанд. Тоҷикистон дар ин феҳраст пас аз Узбекистону Қазоқистон ва Русия омадааст.
Ба чизе аҳамият намедиҳам. Ба одамони бехона ва ҷонварон кумак мерасонем. Онҳоро бо хӯрок ва ҷиҳоз таъмин мекунем

Финландия дар аввал, Бурунди - дар охир

Барои мушаххас кардани хушбахтӣ шаш омил: тавлиди нохолиси дохилӣ бар сари аҳолӣ, тӯли умр, саховатмандӣ, пуштибонии иҷтимоӣ, озодӣ ва таъсири фасодкорӣ дар қабули қарорҳои ҳаётан муҳим ба назар гирифта шуд. Ҳар як омил аз рӯи ҷадвали 10-баллӣ арзёбӣ ва баъдан ҳисоби миёна барои кишвар бароварда шудааст.

Бар пояи гузориш, Финландия балли аз ҳама аз ҳама баланд 7,63-ро гирифт. Дар ҷойи дувум Норвегия, баъдан Дания, Исландия ва Швейтсария кишварҳои хушбахт эълон шуданд. Русия аз ҷиҳати хушбахтӣ даҳ зина поён рафт ва дар ҷойи 59-ум, дар байни Перу ва Қазоқистон қарор гирифт. Рӯйхати кишварҳои хушбахти дунё бо Бурунди тамом мешавад, ки дар мақоми 156 ҷой дорад.

Тоҷикистон ба фарқ аз се соли пеш 26 зина боло рафтааст. Соли 2016 дар ин раддабандӣ, Тоҷикистон дар ҷойи 100-ум қарор дошт. Онҳое ҳам, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши афкори умум машғуланд, мегӯянд, новобаста ба мушкилоти зиёд, сокинон дар сӯҳбатҳо маъмулан худро бадбахт намеҳисобанд.

Хушбахтӣ чист?

Кумуш Муртазоқулова, сокини шаҳри Душанбе, аз кор ва маоши худ қонеъ аст. Ӯ рӯзи 23-юми март гуфт, калиди хушбахтии ҳар кас дар дасти худаш аст ва инсон ҳатто аз сайругашти оромона дар кӯча метавонад худро хушбахт эҳсос кунад.

Назари Ирода Акрамова, мусоҳиби дигари мо, пас аз як мусибат дар зиндагиаш ба хушбахтӣ тағйир кард. Ӯ якбора чаҳор шахси наздики худро аз даст дод. Ҳоло нерӯи бештар ва пули худро ба хайру саховат сарф мекунад ва кумак ба афроди ниёзманд барояш эҳсоси хушбахтӣ мебахшад. Ирода ба 20 оворагард дар пойтахт ёрӣ мекунад.

"Нав фаҳмидам, ки хушҳол кардани як нафар ин хушбахтӣ аст. Зиндагӣ ҳеч маънои дигар надорад. Ба чизе аҳамият намедиҳам. Бо хонавода талош мекунем, ки ба одамони бехона ва ҷонварон кумак расонем. Онҳоро бо хӯроку ҷиҳоз таъмин мекунем. Баъзан ба ягон ошхона мебарем", - афзуд Ирода Акрамова.

Вақте пул ҳасту муҳаббат нест...

Аммо дар ин миён онҳое ҳам ҳастанд, ки агарчи аз нигоҳи иқтисодӣ камбуд надоранд, худро чандон хушбахт намедонанд. Сурайё, модари се фарзанд, хонанишин аст. Шавҳараш ҷойи кори хуб дорад ва зиндагиаш аз ҳар нигоҳ таъмин аст. Аммо Сурайё пулу молро меъёри хушбахтӣ намедонад.

"Вақте ба як зан дар хона таваҷҷӯҳи кофӣ нест, аз набуди меҳру мухаббат ранҷ мебарад, афсурда мешавад. Ва эҳсоси хушбахтӣ намекунад", - мегӯяд Сурайё.

Беҳру Насурова, корманди шӯъбаи ҷомеашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, гуфт, аксарият хушбахтиро дар сиҳатӣ, солимии хонавода ва оромӣ мебинад. Аммо, бино ба мушоҳидаи ин ҷомеашинос, вазъи хуби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз заминаҳои аслии хушбахтӣ дониста мешавад. Нафари аз нигоҳи молӣ таъмин, ба андешаи ӯ, асабоният ва мушкилоти кам дораду бештар худро хушбахт эҳсос мекунад.

Чаро эҳсоси бадбахтӣ мекунанд?

Насурова афзуд, “хонаводае, ки ором аст ва вазъи иқтисодии хуб дорад, фарзандонашон дар гирду атроф ва бо ҷойи кор таъминанд, албатта, асабонияту мушкили кам доранд. Онҳо худро хушҳолу хушбахт эҳсос мекунанд. Мушкил зиёд бошад, одам худро бадбахт мепиндорад."

Номи Тоҷикистон ҳар сол дар назарсанҷиҳо дар зинаҳои мухталиф, вале дар миёни кишварҳои сокинонаш хушбахт зикр мешавад. Дар аксари чунин пурсишҳо, бо вуҷуди поин будани нишондодҳои сифати зиндагӣ дар Тоҷикистон, бар асоси рӯҳияву ризоияти равонии мардум, ки ба фалсафаи миллии қаноату ризоият аз зиндагӣ асос ёфтааст, аксаран гуфта мешавад, мардуми тоҷик худро хушбахт эҳсос мекунанд.

Ҳарчанд ин хушбахтӣ мушкилоти фаровонеро ба ҳамроҳ дорад ва сатҳи зиндагии на ҳамаи онҳое, ки мегӯянд хушбахтанд, ба ин меъёр мувофиқ аст.

Муҳаққиқи эронӣ: "Аксари тоҷикҳо худро хушбахт меҳисобанд"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:29 0:00

Бекорӣ ва камбизоатӣ аз нигоҳи коршиносон ҳамоно мушкили рақами яки иқтисоди Тоҷикистон мемонад. Тибқи омори расмӣ ҳудуди 30 дар сади аҳолии кишвар дар зери хатти фақр ба сар мебаранд. Аммо бино ба арзёбиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ мисли Бонки Ҷаҳонӣ сатҳи фақр дар кишвар аз марзи 30 болотар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG