Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод дар Рига ва Вилнюс намояндагӣ мекушояд


Қароргоҳи марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага.
Қароргоҳи марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар пойтахти Латвия, шаҳри Рига ва пойтахти Литва, шаҳри Вилнюс намояндагӣ таъсис медиҳад. Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 17 март, баъд аз он хабар дод, ки намояндагии радио дар шаҳри Москва ба далели фишорҳои мақомоти Русия ва таҳдиди амниятӣ ба рӯзноманигорон баста шуд.

Дар идораи нав дар Латвияву Литва рӯзноманигорони Бахши русии Радиои Озодӣ, ки пештар дар Москва кор мекарданд, ҳамчунин телевизиони "Настояшее Время" ва рӯзноманигорони Бахши белорусии Радиои Озодӣ, ки ба далели таъқибҳо маҷбур буданд, Белорусро тарк кунанд, фаъолият хоҳанд кард.

"Намояндагиҳои нав барои мухотабони мо дар Русия ва Белорус, сарфи назар аз ҳамаи талошҳои ин ду кишвар дар робита ба хомӯш кардани садои рӯзноманигории мустақил, мавод таҳия мекунанд. Мо аз гузашта фаъолтар хоҳем шуд ва бо мухотабони худ дар Русия ва Белорус бештар дар иртибот хоҳем буд, мо ба онҳо ҳамон иттилоеро медиҳем, ки шаҳрвандони ин ду кишвар аз мо интизор доранд ва ниёзманди он ҳастанд", - гуфт Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ. Вай ҳамзамон аз Латвия ва Литва барои кӯмакашон дар ҳимоят аз озодии баён ва журналистоне изҳори сипос кард, ки иҷборан кишварҳои худро тарк кардаанд.

Дар Рига, ба илова хабарнигорони бахши русиву белорусии радио, шуъбаи нави радио - таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ҷо дода мешавад.

Рӯзи 4 март Хадамоти федеролии андози Русия ба додгоҳи ҳакамии шаҳри Москва муроҷиат ва талаб кард, ки Радиои Озодиро дар Русия иҷборан муфлис эълом кунад. Дар моҳҳои ахир фишор болои рӯзноманигорони радио дар Русия ба таври қобили мулоҳиза афзуда буд. Рӯзи 6 март Радиои Озодӣ эълом кард, ки фаъолияташро дар дохили Русия қатъ мекунад.

Сабаби муфлисшавии Радиои Озодӣ дар Русия худдории ин радио аз пардохти ҷаримаҳое буд, ки мақомоти Русия ба он баста буданд. Мақомоти Русия аз Радиои Озодӣ талаб мекарданд, ки дар ҳар кадом матлаби худ "агенти хориҷӣ" буданашро эълом кунад. Радио ин талабро иҷро накард ва ба ин далел мақомоти Русия онро дар маҷмуъ 13 миллион ҷарима баст. 18 рӯзноманигори бахши русии радио аз сӯи вазорати адлияи Русия ҳамчун "агенти хориҷӣ" эълом шуданд.

XS
SM
MD
LG