Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Авруосиё барои буҷаи Қирғизистон $160 млн кӯмак мекунад


Бонки марказии Қирғизистон.
Бонки марказии Қирғизистон.

Бунёди субот ва рушди Авруосиё омода аст, барои буҷаи Қирғизистон 160 млн доллар кӯмак расонад.

Девони вазирони Қирғизистон тасмим дорад, ин маблағро ба бахшҳои иқтисодӣ ирсол кунад.

Кӯмаки 160 миллионӣ дар ду қисм - солҳои 2022 ва 2023 ба Қирғизистон ирсол мешавад.

Вазири молияи Қирғизистон гуфт, ин созиш соли 2021 ҳосил шуда буд.

Дар соли 2021 Қирғизистон аз созмонҳои кӯмакрасони байналхалқӣ қариб 450 миллион доллар дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG