Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо шаҳрванди Украина ҳамроҳ бо қазоқистониҳо ба Алмато рафтаанд


Рӯзи 15-уми март дар фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ҳавопаймои ширкати Air Astana бо 89 мусофир фуруд омад.

Ин ҳавопаймо аз шаҳри Катовитсеи Лаҳистон баргашта ва 56 шаҳрванди Қазоқистон, 32 шаҳрванди Украина ва як шаҳрванди Лаҳистонро ба Алмато овардааст.

Ҳавопаймое, ки рӯзи 15-уми март ба Алмато баргашт, охирин қазоқистониҳоеро овард, ки аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурда буданд.

Сафорати Қазоқистон дар Украина мегӯяд, дар маҷмуъ 18 шаҳрванди дигари Қазоқистон дар шаҳри аз сӯи неруҳои Русия муҳосирашуда Мариупол боқӣ мондаанд. Ба далели набуди неруи барқ ва тамоси мобилӣ, робита бо онҳо қатъ шудааст.

Ба иттилои Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, аз 24 феврал то 15 март ба далели ҳамлаи Русия ду миллиону 969 ҳазор кас Украинаро тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG