Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон ба мухолифи сарсахти Путин 13 сол зиндон хост


Алексей Навалний дар зиндон
Алексей Навалний дар зиндон

Дар Русия ба сиёсатмадори мухолифи зиндонӣ, Алексей Навалний, 13 соли дигари зиндон хостанд. Додситон ӯро ба тасарруфи пул ва таҳқир муттаҳам кард. Мунтақиди Кремл ба бегуноҳии худ пофишорӣ намуд.

Додситон Надежда Тихонова рӯзи 15-уми март аз додраси Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав талаб кард, ки Навалнийро 1,2 миллион рубл ё 9,900 доллар низ ҷарима бандад.

Мурофиаи додгоҳӣ, ки як моҳ пеш оғоз шуд, дар муассисаи ислоҳӣ дар вилояти Владимир, тақрибан 200-километрии шарқи Маскав, ҷараён дорад.

Алексей Навалний дар ниҳоии худ бори дигар ба бегуноҳияш таъкид кард. Вай гуфт, "Шумо метавонед, маро ба 113 сол зиндон маҳкум кунед, аммо на ман ва на шахсоне ба монанди маро тарсонда наметавонед."

"Русия калон аст, мардуми зиёд дорад ва на ҳама омода ҳастанд, ки ба мисли Шумо, буздилҳо, ба ояндаи худ ва ояндаи фарзандони худ хиёнат кунанд," – илова кард кард ӯ.

Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, соли 2021 дар Маскав, пас аз бозгашташ аз Олмон, ки дар он ҷо аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт, боздошт ва сипас ба зиндон маҳкум карда шуд. Вай Путинро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард. Кремл ин иддаоро борҳо рад намудааст.

XS
SM
MD
LG