Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, фармонеро имзо кард, ки бар асоси он ба берун баровардани беш аз 10 ҳазор доллари нақд аз ин кишвар манъ аст.
Фармон рӯзи 14-уми март нашр шуд. Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон камбуди асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад.
Бонки миллии Қазоқистон гуфт, "маҳдудияти берун бурдани асъори хориҷӣ ҳифзи захираҳои Бонки миллиро таъмин мекунад".