Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози рӯзноманигори Шабакаи аввали Русия ба ҷанги Украина


Шоми 14-уми март дар вақти пахши мустақими барномаи хабарии Шабакаи аввали Русия, як рӯзноманигори ин идора алайҳи ҷанг дар Украина шиор дод.

Вақте ровии барномаи ахбори Шабакаи аввали Русия дар бораи ҷанги Украина суҳбат мекард, Марина Овсянникова, муҳаррири ин идора дар даст шиор гирифт ва дар пушти сари ровӣ пайдо шуд. Дар сафҳае, ки Овсянникова дар даст дошт, навишта шудааст, ки "Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед, ба таблиғот бовар накунед, инҷо шуморо фиреб медиҳанд".

Бахши русии Радиои Озодӣ менависад, ки Марина Овсянникова боздошт шуда, ба идораи пулиси "Останкино" бурда шудааст. Дар бораи сарнавишти Марина Овсянникова феълан маълумоти зиёд дар даст нест. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки пайвандони ӯ дар Украина зиндагӣ мекардаанд.

Муҳаррири Шабакаи аввали Русия ягона нафаре нест, ки алайҳи ҳамлаи Маскав ба Украина садо баланд мекунад. Аз замони оғози ҳамлаи неруҳои рус дар рӯзи 24-уми феврал, садҳо нафар дар шаҳрҳои Русия муқобили ин ҷанг эътироз карданд.

Мақомоти қудратии рус алайҳи афроди норозӣ аз ҷанг ба тарзи хашин муносибат карда, аксари онҳоро боздошт карданд. Ҳамчунин идораи "Роскомнадзор" дастрасӣ ба бисёр сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро масдуд кард.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол аз замин, ҳаво ва баҳр ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ҳамла кард. Украина ин ҳамларо "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлол ва тамомияти арзии худ медонад. Аз замони оғози ҷанг то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд. Дар миёни қурбониён занон, кӯдакон ва пиронсолон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG