Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Русия ва Украина ба музокироти худ идома медиҳанд


Ҳайатҳои Украина ва Русия. Акс аз 28-уми феврали 2022
Ҳайатҳои Украина ва Русия. Акс аз 28-уми феврали 2022

Музокиракунандагони украинӣ ва рус барои гуфтугӯҳои бештар дар рӯзи 14-уми март омода мешаванд. Ҳар ду тараф рӯзҳои ахир иддаои пешравӣ дар ҷабҳаҳои ҷангро доранд.

Михаил Подоляк, ёвари раисҷумҳури Украина, гуфт, интизор меравад даври чаҳоруми музокирот аз тариқи видео-конфронс барои баҳс дар мавриди кумак ба шаҳрҳои зери оташ баргузор шавад.

Вай афзуд, Русия "ба гуфтугӯҳои созанда оғоз кардааст" ва фикр мекунад, ки натиҷаҳое ба даст хоҳад омад.

Талошҳои дипломатӣ ин умедро эҷод кардааст, ки мумкин аст Маскав роҳро барои берун рафтани ғайринизомиёни бештар боз кунад, ҳатто агар нерӯҳои русӣ фишори худ ба пойтахт идома диҳанд.

Дар гуфтугӯҳои қаблӣ ҷонибҳо ба пешрафтҳои чашмрас ё роҳҳи ҳалле барои расонидани кумак ва ё берун кардани корвони ғайринизомиён аз шаҳри стратегии Мариупол нарасида буданд.

Садҳо ҳазор нафар дар ин шаҳр аз камбуди об, хӯрок ва дору танқисӣ мекашанд.

Раҳбари ҳайати русӣ дар ин гуфтугӯҳо Леонид Слутский ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, музокирот пешрафтҳои чашмрасе доштааст ва ин имкон вуҷуд дорад, ки ҳайатҳо ба зудӣ ба пешнависи тавофуқҳо даст ёбанд.

XS
SM
MD
LG