Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши ду кишвари Осиёи Марказӣ барои додугирифти обу барқ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сомонаи расмии сарвазири Қазоқистон хабар дод, ки мақомоти ин кишвар ва Қирғизистон дар мавриди табодули об ва барқ ба созиш расидаанд.

Ба огаҳии манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои оби Қазоқистон, ки таҳти раҳбарии раиси ҳукумати он кишвар Алихон Смаилов баргузор шуд, масъалаҳои марбут ба табодули барқ бо Қирғизистон ва таъмини манотиқи ҷанубии Қазоқистон бо об баррасӣ гаштааст.

Дар ҷаласа ҷониби Қазоқистон ва Қирғизистон қарордодеро дар мавриди табодули обу барқ бар асоси "шартҳои барои ду ҷониб манфиатовар" имзо кардаанд. Манбаъ ҷузъиёти шартҳоро шарҳ надодааст.

Сарвазири вақти Қазоқистон Аскар Мамин моҳи декабри соли 2021 ба раиси девони вазирони Қирғизистон барои ҷудо кардани оби иловагӣ дар тобистони соли гузашта барои кишвараш миннатдорӣ баён карда буд.

XS
SM
MD
LG