Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қазоқистон шумори қурбониёнро эълон кард


Алмато, 19-уми январи 2022
Алмато, 19-уми январи 2022

Додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов 14-уми март дар ҷаласаи порлумон гуфт, дар ҳодисаҳои аввали моҳи январи он кишвар 230 кас, аз ҷумла 19 қудратӣ кушта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шумори бештари қурбониён (139) дар шаҳри Алматои Қазоқистон сабт шудааст. Дар ҳафт минтақаи дигари Қазоқистон "63 ҳамлагар ҳангоми муҳофизати биноҳои маъмурӣ" кушта шуданд.

"Имрӯз мо танҳо дар бораи ҳалокати 20 нафаре хабар дорем, ки тасодуфан ҳадафи оташкушоӣ қарор гирифтаанд. 11 ҳолат дар шаҳри Алмато, 8 ҳолат дар вилояти Алмато 8 ва 1 ҳолат дар Тараз сабт гаштааст. Дар миёни онҳо ҳастанд, нафароне, ки низомиёнро итоат накардаанд ва ё аз сӯи харобкорон кушта шудаанд," -- афзуд ӯ.

Додситонии кулли Қазоқистон бори нахуст аст, ки шумори умумии қурбониёни ҳаводиси январро эълом мекунад. Вале мақомоти қазоқ рӯйхати кушташудаҳоро нашр намекунанд. Асилов гуфтааст, рӯйхатро барои он нашр намекунанд, ки тафтишот ҳанӯз ҳам идома дорад.

XS
SM
MD
LG