Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нақшаи ройпурсӣ дар як минтақаи Украинаро доштааст


Эътирози мардум ба зидди ишғолгарии Руия. Херсон, 6-уми марти 2022
Эътирози мардум ба зидди ишғолгарии Руия. Херсон, 6-уми марти 2022

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, гуфт, Русия саъй дорад, бо истифода аз усулҳои қадимӣ дар шаҳри Херсон "ройдиҳӣ" баргузор карда, ин минтақаро мустақил эълон кунад.

Шаҳри бандарии Херсон дар наздикии дарёи Днепр бо Қрим ҳаммарз аст. Нимҷазирае, ки Русия соли 2014 бо зӯр тасарруф кард.

Назорати Русия бар Херсони "мустақил" ба Кремл имкон хоҳад дод, байни Русия ва Қрим пули заминӣ эҷод кунад.

Нерӯҳои Русия дар аввали ин моҳ шаҳри Херсони Украинаро ба тасарруфи худ дароварданд, вале аз тарафи сокинони маҳаллӣ дастгирӣ наёфтанд. Мардум ба эътирози худ алайҳи ишғоли шаҳр идома медиҳанд.

Сергей Ҳлан, вакили шӯрои вилоятии Херсон, 12-уми март гуфт, нерӯҳои ишғолгари Русия аз ӯ ва вакилони дигар хостаанд, барои таъсиси Ҷумҳурии Миллии Херсон "ҳамкорӣ" кунанд.

Ҳлан дар Фейсбук навишт, вай "қатъиян рад кард" ва аз ҳамкоронаш ҳам хост, пешниҳоди Русияро напазиранд.

XS
SM
MD
LG