Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав гуфт, ҳукумати Украинаро сарнагун карданӣ нест


Владимир Зеленский ва Владимир Путин
Владимир Зеленский ва Владимир Путин

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ҳадафи Маскав сарнагун кардани ҳукумати Украина нест.

Ба гуфтаи Захарова, ҳадафи ҷанг ҳимоят аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс аст, ки Маскав истиқлоли онҳоро аз Украина эътироф кардааст. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия афзуд, ки Украинаро ғасб ё ҳокимияти онро сарнагун карданӣ нестанд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков 7-уми март гуфта буд, ки Маскав дар гуфтугӯҳои сулҳ аз Киев талаб дорад, то аз даъвои Қрим даст кашад, истиқлоли ҷудоихоҳонро эътироф ва бетарафии ин кишварро ба ҳама гуна созмонҳои низомӣ дар Конститутсия дарҷ кунад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, 25-уми феврал, ҳанӯз дар рӯзи дувуми ҳамлаи Русия ба Украина аз низомиёни он кишвар даъват карда буд, ки табаддулоти низомӣ кунанд ва қудратро дар Киев ба даст гиранд.

XS
SM
MD
LG